Ссылки доступа

Дар Қазоқистон марги донишомӯзи низомиро таҳқиқ доранд


Вазорати дифои Қазоқистон хабар додааст, ки дар вилояти Қазоқистони Ҷанубӣ як донишомӯзи мактаб-интернати низомӣ ҷон бохтааст. Дар иттилоияи расмӣ омадааст, ки "донишомӯзи мактаби низомии "Жас улан"-и шаҳри Чимкент ҳангоми размоиши нақшавӣ ба ҳалокат расид".

Масъулони Вазорати дифои Қазоқистон ҷузъиёти ин ҳодисаро шарҳ надодаанд ва танҳо гуфтаанд, ки санҷиши он оғоз шудааст.

Маъмурияти мактаби мазкур низ ҳалокати донишомӯзи худро шарҳ намедиҳад. Ба гуфтаи кормандони омӯзишгоҳ, ҳодиса 12 апрел рух додааст.

Расонаҳои маҳаллӣ хабар доданд, ки рӯзи панҷшанбе дар мактаб-интернати низомии "Жас улан" як донишомӯзи 16-сола ҷон бохт.

XS
SM
MD
LG