Ссылки доступа

Дар "моҳи саломатӣ" дар Туркманистон фурӯши машрубот ва сигорро манъ накарданд


Мақомоти шаҳри Ишқободи Туркманистон одатан дар остонаи "моҳи саломатӣ" соҳибони мағозаҳоро огоҳ мекарданд, ки фурӯши сигор ва машрубот манъ аст. Аммо ба фарқ аз солҳои гузашта дар соли ҷорӣ дар "моҳи саломатӣ" фурӯши сигор ва машрубот манъ нашуд.

Ҳамасола 7 апрел ҳамчун Рӯзи байналхалқии саломатӣ таҷлил мешавад. Дар робита ба ин сана мақомоти Туркманистон чанд соли охир тамоми моҳи апрелро "моҳи саломатӣ" эълон мекунанд.

"Ба фарқ аз солҳои гузашта соли ҷорӣ дар ин моҳ машрубот ва сигор озодона фурӯхта мешавад", - гуфт як сокини Ишқобод.

XS
SM
MD
LG