Ссылки доступа

Доналд Трамп аз ҳамлаҳои ҳавоӣ ба Сурия хабар дод


Доналд Трамп, президенти ИМА эълон кард, вай фармони "ҳамлаҳои нуқтаӣ"-ро ба муассисаҳои ҳукуматии Сурия додааст, ки барои истеҳсоли силоҳи кимиёӣ истифода мешаванд.

Трамп гуфт, ин ҳамлаҳо, ки дар якҷоягӣ бо Фаронса ва Бритониё шуруъ шуданд, то замоне давом мекунанд, ки Сурия истифодаи силоҳи қатли омро қатъ накунад.

Бино бар иттилои расида, ҳамлаҳои ҳавоӣ ба маркази илмиву таҳқиқотӣ ва пойгоҳи низомии Димишқ расиданд, ки онҷо нерӯҳои баргузидаи артиши Сурия ҷойгиранд. Гуфта мешавад, аз бархе фурудгоҳҳо ва пойгоҳҳо, ки ҳадафи ҳамла қарор гирифтанд, давоми ҳафтаи ҷорӣ кормандон кӯчонда шудаанд.

Вазорати мудофиаи Бритониё гуфт, ба иншооти берун аз Хумс зарба задааст, ки ба эҳтимоли зиёд онҷо маводи зарурӣ барои таҳияи силоҳи кимиёӣ нигаҳдорӣ мешуд. Ин вазорат гуфт, иттилои пешакӣ аз он шаҳодат медиҳад, ки зарбаҳо "муваффақона" ба ҳадаф расидаанд.

Пентагон гуфт, ИМА нисбат ба соли гузашта нерӯи низомии ду баробар бештарро истифода кард. Трамп соли гузашта баъди истифодаи силоҳи кимиёӣ дар Хон-Шайхун фармони ҳамлаи ҳавоиро ба Сурия дода буд.

Расонаҳои Сурия ин ҳамларо "поймолсозии ошкорои ҳуқуқи байналхалқӣ" номиданд. Ба навиштаи расонаҳо, низоми зиддимушакии Сурия 13 мушакро маҳв кардааст.

Вазорати мудофиаи Русия гуфт, ҳамлаҳо ба пойгоҳҳои Русия дар Сурия нарасиданд.

Трамп ҳам аз Русия ва ҳам аз Эрон даъват кард, ки аз пуштибонии "режими ваҳшатнок" ва "қотил"-и Асад даст кашанд. Трамп афзуд, ин ду кишвар "масъули пуштибонӣ, кумакрасонӣ ва сармоягузории режими ҷиноии Асад ҳастанд".

Сафири Русия дар ИМА Анатолий Антонов ҳамлаҳои ИМА ва ҳампаймононашро ба Сурия қатъият маҳкум кард. Вазорати корҳои хориҷии Эрон эълон кард, ки ҳамла ба Сурия "пайомади минтақавӣ" хоҳад дошт. Фаронса гуфт, Русия аз ҳамлаҳои Сурия қаблан огоҳӣ гирифта буд.

XS
SM
MD
LG