Ссылки доступа

Тоҷикистон ба маҳсулоти гӯштӣ андози иловагӣ ҷорӣ мекунад (гулчин)


Ба расонаҳои минтақа ҳақ дода мешавад, ки аз ин матлабҳо ба сурати комил ва ё ҷузъӣ истифода кунанд. Бо дархости муштариён метавонем ба онҳо шакли аслии наворҳои видеоиро фиристем. Онҳо, инчунин, метавонанд матлаби дилхоҳи худро аз махзани Директ истифода кунанд.

- Бозпурсиҳо, тафтишҳо, дидани телефонҳо: қирғизистониҳо аз мушкилиҳо дар фурудгоҳҳои Қазоқистон шикоят доранд (видеои Настоящее время)

- Тоҷикистон ба маҳсулоти гӯштӣ андози иловагӣ ҷорӣ мекунад. Ҳукумати Тоҷикистон тарҳи пешниҳоди ҷорӣ кардани аксиз (як навъи андоз) ба маҳсулоти гӯштӣ дар кишварро ба ниҳодҳои давлатӣ фиристодааст. Кумитаи андоз аз ин пешниҳод ҳимоят кард, вале Хадамоти зиддимонополӣ онро ба манфиат надонист (видео)

- "Аз субҳ то бегоҳ меҷунбӣ, пулаш ба ҳеҷ чиз намерасад". Сабзбаҳор дар замини иҷора кор мекунад. Ӯ мегӯяд, тақрибан дар ҳама ҷо барояшон дастмузди баробар медиҳанд: каме бештар аз ду доллар – дар як рӯз (видео)

- Шоколодҳои серхаридори Нодира аз Русия то Тоҷикистон. Нодира -- як хонуми тоҷик имрӯз дар Русия як роҳи ғайриоддиву ҷолиби даромади худро дорад. Вай аз шоколад армуғонҳои зебо омода ва пешниҳоди харидорон мекунад (видео)

- Камбуди доллар дар Тоҷикистон. Бархе аз тоҷирон дар Тоҷикистон гуфтанд, ки як ҳафта боз дар бонкҳои кишвар доллар харида наметавонанд. Посухи баъзе бонкҳо ба харидорони доллар яксон будааст: “доллар нест” (видео)

- "Бо кӯдаки хурдсол намедонед, ба кадом тараф гурезед". Дар Тоҷикистон аз ин баъд онҳоеро, ки дар роҳу шоҳроҳҳои кишвар пойгаҳ ташкил мекунанд, ҷаримаҳои бузург мебанданд ва ё ду сол аз ҳаққи ронандагӣ маҳрум мекунанд (видео)

- Дар Торонто ронанда анбуҳи пиёдагардонро пахш кард, 10 одам кушта шуд (видео аз Директ)

- Сокинони деҳае дар вилояти Омски Русия пешинҳод доранд, ба ҳайати Қазоқистон шомил шаванд (видеои Настоящее время)

- Рӯзҳои корӣ дар Ишқобод (нигористон)

КОРМАНДОНИ МУҲТАРАМИ РАСОНАҲО! БО ҲАЗОРОН НАВОРИ САДОВУ ВИДЕО, АЗ ҶУМЛА, ШАКЛИ АСЛИИ САДОВУ ВИДЕОҲО БО ЗАБОНИ ТОҶИКӢ, КИ БАРОИ ЗАХИРА КАРДАНИ КОРШАРИКОН ДАСТРАС ҲАСТАНД, ОШНО ШАВЕД!

XS
SM
MD
LG