Ссылки доступа

Дуздӣ аз қабристон. Даҳҳо салибу панҷараи масеҳиён куҷо шуд?


Ҷамъияти беш аз 300-нафарии масеҳиёнро дар ноҳияи Ёвон дуздии салиб ва панҷараҳои қабристон ба ташвиш овардааст. Онҳо мегӯянд, сокинони маҳаллӣ ба хотири ҷамъоварии оҳанпора, ки ҳар килояш аз 1 то 5 сомонӣ қимат дорад, салибу панҷараҳои оҳаниро медузданд.

Алексей Черков, сокини ноҳияи Ёвон, гуфт, онҳо ба хотири тоза нигаҳ доштани гӯрҳои наздикони худ ва дар байни қабрҳои дигар гум нашудани онҳо салиби оҳанӣ гузошта, атрофашро панҷара мегиранд. «Дар замони Шӯравӣ лавҳаҳои хотиравӣ аз оҳани махсуси титан хеле зиёд буд. Ҳоло чизе намондааст. Дигар он лавҳаҳои хотиравӣ нестанд», - гуфт ӯ.

Ба иттилои ҷамъияти масеҳиёни ноҳияи Ёвон, солҳои охир ба камияш 50 салибу панҷараи атрофи қабрҳо дуздида шудаанд. Вера Тимофеева, раиси ҷамъияти масеҳиёни Ёвон, гуфт, мақомот ваъда додаанд, ки дуздҳоро пайдо карда, барои нигаҳдории қабристон аз ғоратгарон ба онҳо ёрӣ мерасонанд.

«Панҷараҳои атрофи қабри муаллимаамро дуздидаанд. Талош кардаанд, ки оҳанҳои атрофи қабри модарамро низ ба яғмо баранд. Азбаски оҳан мустаҳкам насб шуда буд, дуздон натавонистанд онро бо худ баранд. Ин кори кӯдакон нест. Кори одамоне ҳаст, ки ба тиҷорати оҳанпора машғуланд», - гуфт Тимофеева.

Ҷамъияти як замон бузурги масеҳиён дар ноҳияи Ёвон рӯз то рӯз кӯчактар мешавад. Баъзеи онҳо ба Русия кӯч бастаанд ва бархеи дигар рӯзҳои мушкили пириро паси сар мекунанд. Онҳо дар гузашта кормандони корхонаҳои азими саноатӣ буданд.

Масеҳиёни ин минтақа асосан православҳо ва баптистҳо ҳастанд.

Бузургтарин ибодатгоҳи православӣ дар шаҳри Бохтар (Қӯрғонтеппаи собиқ), маркази вилояти Хатлон воқеъ аст, ки дар ҳоли бозсозӣ қарор дорад. Калонтарин қабристони масеҳиён дар минтақаи Кӯлоб дар ноҳияи Фархор ҷойгир буда, беш аз 3000 қабр дорад ва гирду атрофи он бо панҷараҳои оҳанӣ салибҳои хоси ин мазҳаб печонда шудааст.

XS
SM
MD
LG