Ссылки доступа

"Аз субҳ то бегоҳ меҷунбӣ, пулаш ба ҳеҷ чиз намерасад" (гулчин)


Ба расонаҳои минтақа ҳақ дода мешавад, ки аз ин матлабҳо ба сурати комил ва ё ҷузъӣ истифода кунанд. Бо дархости муштариён метавонем ба онҳо шакли аслии наворҳои видеоиро фиристем. Онҳо, инчунин, метавонанд матлаби дилхоҳи худро аз махзани Директ истифода кунанд.

- Ахбори Озодӣ аз 24-уми апрели 2018 (HD)

- Марямро аз Ироқ ба Тоҷикистон оварданд. Марям Шоева, навраси даҳсолаи тоҷик, ки баъди аз даст додани хонаводааш дар ҷанги Ироқ моҳҳо боз дар яке аз паноҳгоҳҳои Бағдод ба сар мебурд, ба Душанбе оварда шуд. Ҳавопаймои ҳомили Марям соати чаҳори субҳи 25-уми апрел аз Маскав ба Душанбе расид. (видео)

- Тоҷикистон ба маҳсулоти гӯштӣ андози иловагӣ ҷорӣ мекунад. Ҳукумати Тоҷикистон тарҳи пешниҳоди ҷорӣ кардани аксиз (як навъи андоз) ба маҳсулоти гӯштӣ дар кишварро ба ниҳодҳои давлатӣ фиристодааст. Кумитаи андоз аз ин пешниҳод ҳимоят кард, вале Хадамоти зиддимонополӣ онро ба манфиат надонист (видео)

- "Аз субҳ то бегоҳ меҷунбӣ, пулаш ба ҳеҷ чиз намерасад". Сабзбаҳор дар замини иҷора кор мекунад. Ӯ мегӯяд, тақрибан дар ҳама ҷо барояшон дастмузди баробар медиҳанд: каме бештар аз ду доллар – дар як рӯз (видео)

- Шоколодҳои серхаридори Нодира аз Русия то Тоҷикистон. Нодира -- як хонуми тоҷик имрӯз дар Русия як роҳи ғайриоддиву ҷолиби даромади худро дорад. Вай аз шоколад армуғонҳои зебо омода ва пешниҳоди харидорон мекунад (видео)

- Доллар дар Тоҷикистон дубора камёфт шуд. Бархе аз тоҷирон дар Тоҷикистон гуфтанд, ки як ҳафта боз дар бонкҳои кишвар доллар харида наметавонанд. Посухи баъзе бонкҳо ба харидорони доллар яксон будааст: “доллар нест” (видео)

- Осиё: кӯдакони Березовкаи Қазоқистонро дар Русия ташхис карданд. "Осеби карбогидриди мағзи сар": беморхонаи Семашенко ба кӯдакони Березовкаи Қазоқистон, ки беҳуш мешуданд, ин гуна ташхис гузоштааст. Дар фурудгоҳҳои Қазоқистон маъмурони хадамоти махсус шаҳрвандони Қирғизистонро бозҷӯӣ мекунанд: аксу мукотибаҳои шахсии онҳо дар телевон тафтиш мешавад. (видео)

- Бозпурсиҳо, тафтишҳо, дидани телефонҳо: қирғизистониҳо аз мушкилиҳо дар фурудгоҳҳои Қазоқистон шикоят доранд (видеои Настоящее время)​

- Табибони рус тасдиқ карданд, ки дар Березовкаи Қазоқистон кӯдакон аз карбогидрид заҳролуд шудаанд. (видео Директ)

- Марямро аз паногоҳи Бағдод ба Тоҷикистон оварданд. (нигористон)

- Карен Карапетян кӣ аст? Карен Карапетян дар шаҳри Степанакерти Қарабоғи Куҳӣ ба дунё омада, 54 сол дорад. Донишгоҳи давлатии Ереванро хатм карда, риёзидон ва доктори улуми иқтисодист. (видео аз Директ)

- Худкушӣ дар мактаб. Департаменти умури дохилии Қазоқистони Ҷанубӣ худкушии эҳтимолии омӯзгорро тафтиш дорад. (видео)

- Рӯзҳои корӣ дар Ишқобод (нигористон)

КОРМАНДОНИ МУҲТАРАМИ РАСОНАҲО! БО ҲАЗОРОН НАВОРИ САДОВУ ВИДЕО, АЗ ҶУМЛА, ШАКЛИ АСЛИИ САДОВУ ВИДЕОҲО БО ЗАБОНИ ТОҶИКӢ, КИ БАРОИ ЗАХИРА КАРДАНИ КОРШАРИКОН ДАСТРАС ҲАСТАНД, ОШНО ШАВЕД!

XS
SM
MD
LG