Ссылки доступа

Толибони Афғонистон аз оғози ҳамлаҳои баҳорӣ хабар доданд


Толибони Афғонистон шуруи ҳамлаҳои ҳамасолаи баҳориро эълон карданд. Дар изҳороте, ки имрӯз дар Интернет нашр шуд, толибон гуфтанд, ҳамлаи имсолаашонро "Ал-Хандақ" ном кардаанд ва "бештар ба куштори ғосибони амрикоӣ" таваҷҷуҳ хоҳанд кард.

Ҳаводорони амрикоиҳо - ҳукумат ва артиши Афғонистон - дувумдараҷа унвон шудаанд.

Дар изҳорот гуфта шудааст, ки шуруи ҳамлаҳоро Шӯрои низомии толибон созмон дод. Ин ҳамларо ба ифтихори "Ҷанги Хандақ" номгузорӣ кардаанд. "Ҷанги Хандақ" дар соли 627 сурат гирифта буд, ки он замон мусалмонҳо атрофи шаҳри Мадинаро хандақ кофта ва аз ҳамлаи яҳудиҳову ғайримусалмонҳо наҷот ёфта буданд. Эълони шуруи ҳамлаҳои толибон дар ҳолест, ки дар Афғонистон мавҷи нави терактҳо сар задааст.

Дар вилоятҳои Фароҳ ва Ғазнии Афғонистон рӯзи 24 апрел дасти кам 11 сарбоз ва пулис дар натиҷаи ҳамлаҳои толибон кушта шуданд. Рӯзи 23 апрел дар натиҷаи ҳамлаи дигари толибон дар ғарби Афғонистон 18 пулис ва сарбоз кушта шуд.

XS
SM
MD
LG