Ссылки доступа

Омбудсмени Қирғизистон аз президент хост, раиси ҳизби "Ота Макон"-ро авф кунад


Қубод Оторбоев, омбудсмен ё ваколатдори ҳуқуқи инсони Қирғизистон аз президенти ин кишвар Сооронбой Ҷеенбеков хост, вакили пешин ва раиси зиндонии ҳизби "Ота Макон" Омурбек Текебоевро авф кунад.

Омбудсмен мегӯяд, бо баҳонаи 25-солагии қабули Конститутсияи Қирғизистон ва 70-солагии қабули Эъломияи ҳуқуқи башар Текебоев авф карда шавад.

Ба бовари омбудсмен, айби Текебоев дар додгоҳ собит карда нашуд.

Пештар аз ин чанде аз вакилони порлумон ва сиёсатмадорон низ хоҳони бозбинии парвандаи раиси зиндонии ҳизби "Ота Макон" шуда буданд.

Текебоев моҳи феврали соли 2017 бо гумони фасодкорӣ боздошт шуд. Тоҷири рус Леонид Маевский даъво дорад, ки Текебоев дар соли 2010 барои мусоидат кардан дар харидани саҳмияҳои ширкати "Мегаком" аз вай 1 миллион доллар пора талаб кардааст.

Додгоҳ Текебоевро дар ин қазия гунаҳкор эътироф ва бо мусодираи амвол 8 сол зиндонӣ кард. Раиси ҳизби "Ота Макон" ин айбҳоро рад мекунад.

XS
SM
MD
LG