Ссылки доступа

Пешниҳоди нави Эрон ба Туркманистон дар мавриди табодули газ


Муовини вазири нафти Эрон гуфт, шубҳа дорад, ки Туркманистон барои сохтмони лӯлаи гази ТАПҲ - Туркманистон - Афғонистон - Покистон- Ҳинд сармоя пайдо хоҳад кард. Вай афзуд, Теҳрон омода аст, табодуле пешниҳод кунад, ки ҳам Туркманистон ва ҳам Покистонро дар бар мегирад.

Ҳамидризо Аракӣ, раиси Ширкати миллии нафти Эрон гуфт, кишвараш омода аст, гази Туркманистонро ба Покистон расонад.

Дар ҳоли ҳозир Туркманистон аз замони касби истиқлолият дар соли 1991 то кунун душвортарин марҳиларо пушти сар мекунад. Ҳукумати Туркманистон дар талоши пайдо кардани масири нав барои интиқоли гази табиияш аст.

Танҳо сохтмони қисмати афғонистонии лоиҳаи ТАПҲ 10 миллиард доллар харҷ дорад. Аракӣ дар ин робита гуфт, "Дар беҳтарин ҳолат ТАПҲ-ро мешуд 10 сол баъд бунёд кард, аммо дар ҳоли ҳозир маълум нест, ки амният ва сармоягузории лоиҳаро кӣ бар душ мегирад".

Туркманистон дар ҳоли ҳозир танҳо ба Чин солона бештар аз 30 миллиард мукааб газ интиқол медиҳад.

XS
SM
MD
LG