Ссылки доступа

Ӯзбекистон дар сохтмони ТАПҲ ба Туркманистон кумак мекунад


Ӯзбекистон дар сохтмони лӯлаи гази Туркманистон-Афғонистон-Покистон-Ҳиндустон (ТАПҲ) кумак хоҳад кард. Дар ин бора РИА Новости бо истинод ба мудири Анҷумани бонкҳои Ӯзбекистон Бахтиёр Ҳомидов иттилоъ додааст.

Ба гуфтаи ӯ, афзоиши табодули мол миёни ду кишвар пешбинӣ шуда, иҷрои як қатор тарҳои муштараки гуногун низ дар назар аст. Бештари ин тарҳҳо ташаббуси ҷониби Туркманистонанд.

Омодагии Ӯзбекистонро барои иштирок дар тарҳи ТАПҲ бори нахуст президент Шавкат Мирзиёев дар ҷараёни сафари ҳамтои туркманаш Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов ба Тошканд охирҳои моҳи апрел баён дошт. "Ӯзбекистон дар тарҳи ТАПҲ иштирок мекунад", - гуфт ӯ.

Мирзиёев ТАПҲ-ро нақшаи бузурге номид, ки омили суботи вазъ дар Афғонистон хоҳад шуд. Дар ҳошияи гуфтугӯи раҳбарони Ӯзбекистону Туркманистон тасмим гирифта шуд, ки барои омӯхтани гузинаҳои иштироки Тошканд дар иҷрои тарҳи ТАПҲ гуруҳи корие таъсис дода шавад.

Бунёди бахши туркманистонии ТАПҲ моҳи декабри соли 2015 оғоз шуд. TAPI Pipeline Company Limited, ҳамоҳангсози бунёди лӯла нақша дорад, ки аз соли 2020 интиқоли газро аз Туркманистон ба Ҳиндустон оғоз кунад. Тариқи ин лӯла, ки 1,814 километр хоҳад буд, солона 33 миллиард метри мукааб газ интиқол хоҳад ёфт.

XS
SM
MD
LG