Ссылки доступа

Хонаҳои сокинони Туркманистонро дар марз бо Ӯзбекистон тахриб мекунанд


Дар чанд ноҳияи вилояти Дашоғузи Туркманистон, ки бо Ӯзбекистон ҳаммарзанд, даҳҳо манзили зистро тахриб карданианд. Инҳо хонаҳое ҳастанд, ки дар пайи аломатгузориҳои соли 2011 дар хати марзи ду кишвар боқӣ монданд.

"Маъмурияти ноҳияҳои Болдумсаз, Қубадоғ ва Гӯруғлӣ дар робита ба тахриби хонаҳо ба сокинон огоҳинома фиристодаанд", - мегӯяд хабарнигори Бахши туркмании Радиои Озодӣ.

Мақомот мегӯянд, манзилҳои мазкурро ба хотири кашидани хати севуми симхор дар марз бо Ӯзбекистон тахриб мекунанд.

Ба гуфтаи сокинони маҳаллӣ, хати аввали симхор соли 2003 ва хати дувум соли 2011 кашида шуданд, ки дар натиҷа ҳазор хонавода аз манзилҳои худ маҳрум шуд. Ҳамчунин ҳазорҳо ҳектар замини корам аз даст рафт.

Ишқободу Тошканд аз моҳи марти соли 2017, баъд аз сафари президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Туркманистон раванди аломатгузории марзро худро тезонданд. Ҳайатҳои байниҳукуматии тасдиқи марз то ҳол чанд бор мулоқот карданд.

XS
SM
MD
LG