Ссылки доступа

Қочоқчиёни дар Қазоқистон боздоштшуда то нимаҳои моҳи май дар ҳабс мемонанд


Гумонбароне, ки дар Қазоқистон моҳи феврали соли ҷорӣ дар пайи як амалиёти махсуси мақомоти қудратӣ боздошт шуданд, то нимаҳои моҳи ҷорӣ дар ҳабс боқӣ мемонанд. Дар ин бора додгоҳи ноҳияи Алмалини шаҳри Алмато қарор содир кард.

35 гумонбар дар қочоқи маҳсулот аз Қирғизистон ба Қазоқистон шаби 15 ба 16 феврал боздошт шуданд. Миёни боздоштшудаҳо мансабдорони баландпояи Қирғизистон, аз ҷумла як вакили порлумон, низ ҳастанд.

Додгоҳи ноҳияи Алмалини шаҳри Алматои Қазоқистон 17 феврал боздоштшудаҳоро ба ҳабс гирифт ва ахиран ҳамин додгоҳ ҳабси онҳоро тамдид кард.

XS
SM
MD
LG