Ссылки доступа

Президент Земан дар бораи истеҳсоли заҳри "Навичок" дар Ҷумҳурии Чех хабар дод


Дар Ҷумҳурии Чех миқдори ками гази фалаҷкунандаи аъсоб А-320 барои озмоиш истеҳсол шудааст, ки ба гуруҳи моддаҳои заҳролудсози "Навичок" шомил мешавад. Дар ин бора президенти Чех Милош Земан дар як суҳбати телевизионӣ хабар дод.

Озмоиш моҳи ноябри соли 2017 дар Донишкадаи пажуҳишии низомии вазорати мудофиаи ин кишвар сурат гирифтааст. Баъди озмоиш, ба гуфтаи вай, заҳрро нобуд карданд.

Дар ҳамин ҳол, Хадамоти амният ва иттилооти Ҷумҳурии Чех мегӯяд, моддаи озмоишшуда "Навичок" набуд. Аммо Земан ба маълумоти мақомоти иктишофӣ такя мекунад, ки ба бовари президент, дар мавриди озмоиш иттилои бештар доранд.

"Хулосаи ман чунин аст: дар кишвари мо "Навичок" истеҳсол ва озмоиш шуд, ҳарчанд ба миқдори кам, вале баъдтар он ҳамаро нобуд карданд. Мо медонем дар куҷо ва кай ин кор шуда буд, аз ин хотир, дурӯягӣ мешавад, агар инро тасдиқ накунем", - гуфт Земан.

Пештар аз ин намояндаи расмии вазорати корҳои хориҷии Русия Мария Захарова гуфта буд, ки "Навичок" мумкин аст, дар яке аз ин кишварҳо - Бритониё, Славакия, Ҷумҳурии Чех ва Шветсия - истеҳсол шуда бошад. Карл Шлехтов, вазири мудофиаи Чех он замон гуфта буд, ки кишвараш дар ин кор даст надорад ва чунин изҳорот бепоя ҳастанд. 26 март Милош Земан ба мақомоти иктишофии кишвараш дастур дод, ки эҳтимоли истеҳсоли "Навичок"-ро санҷанд.

Корманди пешини мақомоти иктишофии Русия Сергей Скрипал ва духтараш Юлия рӯзи 4 март дар шаҳри Солсберии Бритониё дар ҳолати беҳушӣ пайдо шуданд. Лондон мегӯяд, падару духтарро бо "Навичок" заҳролуд кардаанд, ки ин заҳрро олимони шӯравӣ истеҳсол карда буданд. Бритониё даъво дорад, ин заҳрро аз Русия ворид кардаанд. Аммо Москва инро рад мекунад.

XS
SM
MD
LG