Ссылки доступа

Пулиси Қирғизистон як "фоҳишахонаи интернетӣ"-ро ошкор кардааст


Вазорати умури дохилии Қирғизистон мегӯяд, дар ноҳияи Якуми октябри ин кишвар фаъолияти студияеро ошкор кард, ки бо таҳия ва фурӯши маводи порнографӣ машғул буда, зиёда аз 30 донишҷӯдухтарро ба кори худ ҷалб намудааст.

"Дар студия духтарон ҳамчун веб-модел фаъолият мекарданд. Веб-моделҳо ба воситаи Интернет бо муштариён суҳбатҳои видеоӣ анҷом дода, дар ивази маблағ хостаҳои онҳоро иҷро менамудаанд. Дар ин студия духтарон дар чанд баст кор карда, барои амалҳояшон маблағ мегирифтаанд", - омадааст дар иттилоияи пулис.

Ба иттилои вазорат, ҳангоми бозҷӯӣ дар студияи мазкур ҳудуди 30 духтар - донишҷӯёни донишгоҳҳои гуногун қарор доштанд. Кормандони пулис ҳамчунин 16 компютер ва беш аз 150 бозичаи шаҳвониро ошкор кардаанд.

Раёсати умури дохилии Бишкек низ моҳи март хабар дода буд, ки аз ибтидои соли равон 64 духтареро ба рӯйхат гирифтааст, ки ба воситаи Интернет хадамоти шаҳвонӣ мерасонданд.

XS
SM
MD
LG