Ссылки доступа

Эмомалӣ Раҳмон: Террорист "таҳаммулгаро" ва "тундгаро" буда наметавонад


Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон гуфтааст, ки "террорист-террорист аст ва ӯ ҳеҷ гоҳ "худӣ" ва "бегона" ва ё "таҳаммулгаро" ва "тундгаро" буда наметавонад".

Ин матлабро президент рӯзи 4-уми май дар ҳамоиши байналмилалии "Муқовимат бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез", ки дар Душанбе идома дорад, баён дошт.

Раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар суханронии рӯзи ҷумъаи худ аз он нигаронӣ кард, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ дар робита ба мафҳумҳои терроризм ва экстремизм назари ягона надоранд. Ӯ аз сиёсати "меъёрҳои дугона" дар мубориза бо терроризм интиқод кард ва гуфт, ки "чунин мавқеъгирӣ боиси тавсеаи ҷуғрофияи хатару таҳдидҳои хатарбори мазкур дар шаклу усулҳои пешгӯинашаванда ва боз ҳам даҳшатнок мегардад."

Раиси ҷумҳури Тоҷикистон сипас ба шаклгирии гурӯҳи Толибон дар Афғонистон ва ҳамин тариқ гурӯҳи "Давлати исломӣ" дар Ироҷ ва Сурия ишора намуд ва гуфт, ки агар дар солҳои қаблӣ дар Афғонистон дар сафҳои Толибон намояндагони ҳамагӣ 15 кишвар меҷангиданд, ҳоло дар сафҳои ДИИШ ҳузури намояндагони беш аз 100 кишвар таъйид шудааст.

Дар конфронси байналмилалӣ зери унвони “Муқовимат бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез”, ки рӯзи 3-уми май дар пойтахти Тоҷикистон ифтитоҳ шуд, 400 нафар намоянда аз кишварҳои мухталиф ва 30 намоянда аз созмонҳои байналмилалӣ ҳузур доранд. Томас Гремингер, дабири кулли Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо, Владимир Воронков, муовини дабири кулл ва мудири Дафтари зиддитеррористии СММ, Генри Эншер, муовини ёвари вазири умури хориҷии Амрико оид ба Осиёи Марказӣ ва Афғонистон аз ҷумлаи иштирокчиёни ин ҳамоиш мебошанд.

XS
SM
MD
LG