Ссылки доступа

Дар Алмато тадбирҳои амниятӣ пурзӯр шуданд


Департаменти умури дохилӣ (ДУД)-и шаҳри Алматои Қазоқистон мегӯяд, дар арафаи ҷашнҳои Рӯзи ғалаба ва Рӯзи ҳомиёни Ватан дар ин шаҳр тадбирҳои амниятӣ пурзӯр карда шуданд.

Ба огаҳии ДУД, аз 7 то 9 май тадбирҳои амниятӣ, аз ҷумла дар маконҳои таҷаммуи одамон ва ҷашнӣ пурзӯр гаштанд.

Пулиси Алмато ҳадафи ба истилоҳ "чорабиниҳои фаврӣ-профилактикӣ"-и худро таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, огоҳӣ ва пешгирӣ аз сар задани ҷинояткориҳо арзёбӣ кард.

Ба гуфтаи сардори пулиси Алмато Жандос Муродалиев, бо мақсади "ошкор ва боздошт кардани ҷинояткорон" дар бозор, марказҳои савдо ва истгоҳҳои шаҳр "чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ" гузаронида мешавад. Пулис аз сокинони Алмато даъват кард, ки ҳушёр бошанд.

Дар Қазоқистон 7 май Рӯзи ҳомиёни Ватан ва 9 май Рӯзи ғалаба дар Ҷанги ҷаҳонии дувумро таҷлил мекунанд.

XS
SM
MD
LG