Ссылки доступа

Миёни Бишкеку Тошканд автобусҳо ба ҳаракат даромаданд


Миёни пойтахтҳои Қирғизистону Ӯзбекистон автобусҳои мусофирбар ба ҳаракат даромаданд. Нахустин автобус аз истгоҳи "Тошканд"-и Ӯзбекистон рӯзи 5 май озими Қирғизистон шуда, равуои мунтазам дар ин масир аз 7 май оғоз мешавад.

"Дар масири Тошканд-Бишкек аз ҷониби Ӯзбекистон автобусҳои ширкати Mironshox Grand Trans ва аз ҷониби Қирғизистон "Транс Союз-Азия" ҳаракат хоҳанд кард. Ширкатҳо созишномаи ҳамкориеро низ имзо кардаанд, ки расонидани хадамоти техникӣ, бимаи ронандагон ва муҳофизати техникаҳоро дар кишварҳои якдигар дар бармегирад", - гуфтанд дар "Узавтотранс".

Дарозии масир 601 километр буда, 12 соату 40 дақиқа тӯл дорад. Дар ҷадвали ҳаракати автобусҳо барои гузаштан аз гузаргоҳҳои марзии "Гишт куприк"-и Ӯзбекистон, "Жибек Жолӣ"-ву "Супатай Батир"-и Қазоқистон ва "Чалдовар"-и Қирғизистон 30 дақиқаӣ вақт ҷудо шудааст.

Нархи роҳкиро дар масири мазкур барои як одам 120 ҳазор сӯм ё 1000 сом (ҳудуди 14,5 доллар) муайян гаштааст. Автобусҳо аз ҷониби Қирғизистон, аз истгоҳи шарқии шаҳри Бишкек ҳаракат мекунанд.

Пештар масъулони "Узавтотранс" гуфтанд, Ӯзбекистону Қирғизистон тасмим доранд, миёни шаҳрҳои Тошканду Бишкек, Ӯшу Фарғона, Андиҷону Ӯш ва Тошканду Иссиқкӯл ҳаракати автобусҳои мусофирбарро ба роҳ монанд.

XS
SM
MD
LG