Ссылки доступа

Дар тазоҳуроти ҷонибдорони Навалний дар Русия беш аз 1600 кас боздошт шуданд (видео)


Более 1600 протестующих задержаны 5 мая по всей России, из них более 700 в Москве
пожалуйста, подождите

No media source currently available

0:00 0:02:15 0:00

Бино ба иттилои пешакӣ, дар натиҷаи тазоҳуроти ҷонибдорони мухолиф Алексей Навалний дар саросари Русия ҷамъан беш аз 1 ҳазору 600 нафар, аз ҷумла дар Москва 703 ва дар Санкт-Петербург 233 кас боздошт шуданд.

Хабаргузории "Интерфакс" бо истинод ба пулис хабар дод, ки дар тазоҳуроти ҷонибдорони мухолифи рус чанд ҳазор одам иштирок карда, беш аз 800 тан дастгир гаштанд. Ба иттилои расмӣ, дар Москва ҳудуди 300 ва дар Петербург ҳудуди 200 тан боздошт шуданд.

Дар майдони Пушкини Москва худи Алексей Навалнийро боздошт карданд.

Кормандони пулис ҳамчунин ҳангоми пахши мустақим хабарнигори "Настояшее Время" Алексей Александровро дастгир карданд. Ӯ баъдан озод шуд.

Хабарнигорон аз Москва ва Петербург мегӯянд, кормандони пулис ҳатто шахсонеро ҳам дастгир карданд, ки фарёд намезаданд ва дар даст лавҳа низ надоштанд.

Задержания в Москве и Санкт-Петербурге 5 мая
пожалуйста, подождите

No media source currently available

0:00 0:01:03 0:00

Пулис аккоси ғайрирасмии рӯзномаи "Новая газета" Михаил Гребеншиковро низ, бо вуҷуди он ки фармоиши нашрияро иҷро мекард, боздошт намуд.

XS
SM
MD
LG