Ссылки доступа

Бердимуҳаммадов ғайриинтизор омодагии артиши кишварашро санҷид


Расонаҳои маҳаллии Туркманистон хабар медиҳанд, ки бо фармони президент дар ин кишвар размоиши низомиву тактикӣ баргузор шуд. Ҳадаф аз ин размоиш "санҷиши омодагии артиш" унвон мешавад.

Субҳи 4 май президенти Туркманистон Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов ба яке аз размоишгоҳҳои кишвараш ҳозир шуд. Расонаҳо аз ин размоишгоҳ ном намебаранд.

Дар ҳузури Бердимуҳаммадов намунаҳои техникаҳои низомӣ ба намоиш гузошта шуданд

Бердимуҳаммадов гуфтааст, ки ҳар кадом аз чунин размоишҳо қадами навбатие ба сӯи такмили тавонии низомиҳост. Аммо баъд аз анҷоми размоиш президенти Туркманистон ҷаласаи фаврии Шӯрои амнияти кишварашро даъват ва ба роҳбари Хадамоти гумруки Туркманистон барои роҳ додан ба камбудиҳо танбеҳ эълон кардааст.

XS
SM
MD
LG