Ссылки доступа

Сармоягузорони тоҷику ӯзбек аз андозбандӣ озод шуданд (гулчин)


Ба расонаҳои минтақа ҳақ дода мешавад, ки аз ин матлабҳо ба сурати комил ва ё ҷузъӣ истифода кунанд. Бо дархости муштариён метавонем ба онҳо шакли аслии наворҳои видеоиро фиристем. Онҳо, инчунин, метавонанд матлаби дилхоҳи худро аз махзани Директ истифода кунанд.

- Гулназар: "Бо ин вазъи молӣ на Лоиқи дигар меояд, на Бозору на Гулрухсор". Гулназар Келдӣ, шоири маъруфи тоҷик мегӯяд, ки ҳангоми истифодаи осори адибон, бояд дастмузди онҳо пардохта шавад. Вазорати молия дар пайи буҳрони молӣ дар ду соли пеш, ниҳодҳои давлатиро аз ҳаққи сарфаи маблағҳои дуюмдараҷа маҳрум кард ва ҳамин тавр дар аввал адибон ва баъдан расонаҳои давлатӣ аз пардохти ҳаққи қалам маҳрум шуданд. (видео)

- Падари Сайёд: Қотилони писарамро боздошт ва муҷозот кунанд. Пулиси Русия ду сокини вилояти Хатлонро дар қатли ҳамдеҳаи худ муттаҳам карда, дар қатори афроди "хатарнок" қарор додааст. Амриддин Салоҳови 35-сола ва Саидхӯҷа Исмоилови 28-сола дар занозании маргбори 14-уми апрел дар шаҳри Екатеринбург муттаҳаманд (видео)

- Сармоягузорони тоҷику ӯзбек аз андозбандӣ озод шуданд. Маҷлиси намояндаҳои Тоҷикистон бо тасвиби ду созишномаи иқтисодӣ, шароити рушди ҳамкориҳои тиҷоратиро бо Ӯзбекистон фароҳам овард (видео)

- Баъди ҳафт сол: Ҳаракати қатори Кӯлоб-Москва аз сар гирифта шуд. Баъди ҳафт соли танаффус роҳи оҳани Кӯлоб-Москва дубора боз гашт. Дар нахустин сафар наздики 400 сокини минтақаи Кӯлоб бо қатора озими Русия шуданд (видео)

- Эмомалӣ Раҳмон: Террорист "таҳаммулгаро" ва "тундгаро" буда наметавонад. Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон гуфтааст, ки "террорист-террорист аст ва ӯ ҳеҷ гоҳ "худӣ" ва "бегона" ва ё "таҳаммулгаро" ва "тундгаро" буда наметавонад" (видео)

- Дар саросари Русия беш аз 1600 мухолифи Путин дастгир шуд. (видео)

- Ба омӯзгори қирғиз барои навиштани шарҳ дар бораи меъмории шӯравӣ дар Фейсбук 7 соли зиндон таҳдид мекунад. (видео аз Директ)

- Намоишгоҳи шахсии Рашид Нурекеев. Дар Алмато аз 4 май то 6 июн намоишгоҳи шахсии рассоми қазоқ Рашид Нурекеев "Устухонҳо. Зайтун. Ҳавопаймоҳо" баргузор мешавад. (нигористон)

- Боғи ҳайвоноти Чехия ба хирсбачае номи тоҷикӣ меҷӯяд. (нигористон)

- Ҳаракати дубораи қатор дар масири Кӯлоб-Москва. (нигористон)

- Истеҳсоли қанд дар Қирғизистон бо рангҳои миллӣ (видео)​

- Даврони шӯравӣ ба кӯчаҳои Тошканд баргашт (видео)​

- Эмомалӣ Раҳмон ба паҳни терроризм дар ҷаҳон кишварҳои Ғарбро масъул донист. (видео аз Директ)

- "Намедонам, ки оё то иди дигар зинда хоҳам монд". Рӯзноманигорони дар Афғонистон кушташуда киҳо буданд? (видеои Настоящее время)​

- Мансабдорони баландпояи тоҷик ба "асардуздӣ" айбдор шуданд. (видеои Настоящее время)

- Туҳфаҳои Остона: 10 сол пеш ва имрӯз. Ба пойтахти Қазоқистон 10 сол пеш чӣ туҳфа карданду имрӯз чӣ медиҳанд ва худи Остона дар рӯзи солрӯзаш чӣ нақша дорад? Ба иттилои расмӣ, ба таҷлили рӯзи таъсисёбии шаҳр 18 миллиарду 800 миллионов танга сарф мешавад. (видео)

- Суҳбати мухолиф Ляскин бо Настоящее время, ки баъди он дар "даъват ба тазоҳурот" айбдор шуд. Корманди Бунёди мубориза бо фасод ва муҷрии барномаи "Кактус" бо Настоящее время дар дафтари Радиои Озодӣ дар шаҳри Москва оид ба тазоҳуроти 5 май суҳбат кард. (видеои Настоящее время)

- Назари созандаи "Новичок" ба изҳороти Созмони манъи силоҳи ҳастаӣ дар бораи заҳролудшавии Скрипал. Раҳбари Созмони манъи силоҳи ҳастаӣ гуфт, маводе, ки бо он Скрипал заҳролуд карда шуд, аз 50 то 100 грамм буд. (видеои Настоящее время)

КОРМАНДОНИ МУҲТАРАМИ РАСОНАҲО! БО ҲАЗОРОН НАВОРИ САДОВУ ВИДЕО, АЗ ҶУМЛА, ШАКЛИ АСЛИИ САДОВУ ВИДЕОҲО БО ЗАБОНИ ТОҶИКӢ, КИ БАРОИ ЗАХИРА КАРДАНИ КОРШАРИКОН ДАСТРАС ҲАСТАНД, ОШНО ШАВЕД!

XS
SM
MD
LG