Ссылки доступа

Ӯзбекистонӣ мехост, дар бордони мошин вориди Қирғизистон шавад


Кормандони гумруки Қирғизистон дар гузаргоҳи марзии "Оқ-кия мошингард" як шаҳрванди Қирғизистонро боздошт карданд, ки мехост, дар бордони мошинаш як сокини Ӯзбекистонро аз марз гузаронад.

Дар ин бора аз Хадамоти давлатии марзбонии Қирғизистон хабар доданд.

Ба иттилои ин ниҳод, ҳангоми тафтиши бордони мошини шаҳрванди Қирғизистон дар гузаргоҳи марзӣ марзбонон шаҳрванди Ӯзбекистонро пайдо карданд, ки мехост, бе тафтиши гумрукӣ вориди Қирғизистон шавад.

Шаҳрванди Ӯзбекистон гуфтааст, барои убур аз марз ҳуҷҷати муайянкунандаи шахсият надошт.

XS
SM
MD
LG