Ссылки доступа

Дар Туркманистон занонро барои нақзи қоидаҳои либоспӯшӣ "ҷарима" мекунанд


Бархе аз сокинони Туркманистон шикоят доранд, ки барои нақзи қоидаҳои нав дар робита ба либоспӯшӣ ва симои зоҳирии занон дар ин кишвар бозпурсӣ ва муҷозот мешаванд.

Кормандони муассисаҳои давлатии Туркманистон охирҳои моҳи апрели имсол вазифадор шуданд, ки нохуну мӯйҳои худро ранги баланд накунанд ва низ либосеро пӯшанд, ки дароз бошаду аъзои баданашон нанамояд.

Сокини Ишқобод бо номи Шамшод дар суҳбат бо Бахши туркмании Радиои Озодӣ гуфт, кормандони пулис ӯро барои тарзи либоспӯшияш дар даромадгоҳи бозори маҳаллии "Олтин-Асир" боздошт карда, ба шуъба бурданд.

Дар шуъбаи пулис ба ӯ гуфтанд, барои он ки остини куртааш кутоҳ асту аъзои баданаш менамояд, бояд ҷарима супорад. "Талош кардам, фаҳмонам, ки аз қоидаҳои нав хабар надорам, вале бефоида буд. Гуфтанд ё 150 манат (ҳудуди 40 доллар) ҷарима месупорӣ ё зиддат бо ҷурми нақзи тартиботи ҷамъиятӣ санад тартиб дода, ба ҷои корат низ хабар медиҳем", - афзуд Шамшод.

Манобеи Бахши туркмании Радиои Озодӣ пештар хабар доданд, ки қоидаҳои нави марбут ба симои зоҳирии занон дар Туркманистон пеш аз ҳама ба кормандони муассисаҳои давлатӣ ва донишҷӯёни донишгоҳҳо рабт дорад.

Корманди яке аз муассисаҳои давлатии Ишқобод ба шарти ифшо нашудани номаш гуфт, бархе аз раҳбарони корхонаҳо аз ин қоидаҳо сӯистифода мекунанд. Ба гуфтаи ӯ, дар яке аз бонкҳо аллакай чанд зан бо баҳонаи "ба талабот ҷавобгӯ" набудани сару либосашон аз кор ронда шуданд.

XS
SM
MD
LG