Ссылки доступа

Имрӯз дар Кремл маросими савгандёдкунии президенти Русия баргузор мешавад


Имрӯз дар шаҳри Москва маросими савгандёдкунии президенти Русия Владимир Путин баргузор мешавад. Маросими мазкур дар нимарӯзии вақти Москва шуруъ мегардад.

Путин аз утоқи кориаш ба толори Андреевскии қасри Кремл меравад. Баъди маросими савгандёдкунӣ Владимир Путин ба майдони Собор меравад ва паради полки Кремлро тамошо мекунад. Баъди ин дар калисои Благовешенск ибодати кутоҳ баргузор мешавад. Интизор меравад, ҳамин рӯз Путин нафари номзад ба мақоми сарвазириро ба Думаи давлатӣ пешниҳод кунад.

Пештар аз ин расонаҳо навиштанд, ки мумкин аст, Путин ин бор ба хотири "ҷалб накардани назарҳои интиқодӣ" аз анъанаи убур бо мошин аз кӯчаҳои Москва даст кашад. 7 майи соли 2012 Владимир Путин бори севум ба курсии президентӣ нишаста буд. Он замон вай, ки то интихобот дар мақоми сарвазирӣ фаъолият мекард, аз Кохи сафед бо корвони мошинҳо ба Кремл омад.

Дар бештари шаҳрҳои Русия рӯзи 5 май иқдомҳои эътирозӣ таҳти номи "Вай шоҳи мо нест" баргузор шуд. Ин эътирозҳо ба хотири бори чаҳорум ба курсии президентӣ нишастани Владимир Путин барпо шуданд. Бино бар навиштаи расонаҳо, дар 27 шаҳри Русия 1597 эътирозгар боздошт шудааст.

XS
SM
MD
LG