Ссылки доступа

Афғонистон модари тоҷикро бо ду кӯдакаш ба Тоҷикистон супурд


Давлати Афғонистон як зани тоҷикро, ки ба узвият дар гурӯҳи тундрави “Давлати исломӣ” муттаҳам мешуд, бо ду кӯдаки ноболиғаш ба Тоҷикистон супурдааст.

Ин занро, ки аз ӯ танҳо Хосият ном мебаранд, сафорати Тоҷикистон дар Кобул чанде пеш ба Душанбе бозпас фиристодааст. Хосиятро ду сол пеш дар Афғонистон дастгир карданд ва гуфтанд, ки ӯ мехост, ба созмонҳои тундрав бипайвандад.

Шарофиддин Имомов, сафири Тоҷикистон дар Афғонистон гуфт, пас аз сӯҳбат бо кормандони сафорат Хосият ризо шуд, то ӯро ба Тоҷикистон интиқол диҳанд.

“Мо аз рӯзи аввал аз аҳволи ӯ бохабар будем. Дар охирон сӯҳбат худаш хост, ки ӯро ба Тоҷикистон фиристем. Албатта, қонунҳои давлати мо башардӯстона ҳаст ва нисбати занҳо, аз ҷумла занҳое, ки кӯдакони ноболиғ доранд, сабукиҳои зиёд пешбинӣ мекунад. Ба ҳар ҳол, дар зиндонҳои Афғонистон вақте шаҳрванди мо нигаҳдорӣ мешавад, ҳар гуноҳе ҳам дошта бошанд, мо нисбаташон бетараф нестем” – гуфт, Шарофиддин Имомов.

Ин зан дар аввал мегуфт, ки хоҳиши бозгашт ба Тоҷикистонро надорад. Хосият ду соли пеш дар Афғонистон боздошт шуд ва моҳи апрели соли 2017 дар як барномаи Шабакаи аввали Афғонистон гуфт, ки бо “ҳадафи зиндагӣ дар давлати исломӣ” ба ин кишвар омадааст. Ӯ дар ин барномаи телевизионӣ мегуфт, ки “Мо барои он омадем, ки дар давлати исломии Афғонистон зиндагӣ кунем. Инҳо моро гирифтанд ва гуфтанд, ки шумо узви гурӯҳи Давлати исломӣ ҳастед. Мо ба ин хотир наомадем. Мо барои он омадем, ки моро ҳамчун як хоҳари мусалмон қабул кунанд ва дар кишвари исломӣ зиндагӣ кунем.”

Сафорати Тоҷикистон дар Афғонистон мегӯяд, дар нӯҳ моҳи гузашта чаҳор марду се занро, ки панҷ кӯдаки ноболиғ доштанд, ба ватан баргардонданд. Ин шаҳрвандони Тоҷикистонро бо иттиҳоми талоши пайвастан бо гурӯҳҳои тундрав боздошт кардаанд.

XS
SM
MD
LG