Ссылки доступа

Узрхоҳӣ ва худкушии як хонандаи синфи 9-ум дар Тошканд


Дар ноҳияи Яшнободи шаҳри Тошканди Ӯзбекистон 3 май ҷасади хонандаи синфи 9-уми мактаби рақами 69 Н.О.-ро дар манзили зисташон овезон пайдо карданд. Духтар дар номае аз модар ва хоҳари хурдиаш узр пурсида, навиштааст, ки базудӣ ба дидори якдигар хоҳанд расид.

Сабабҳои даст ба худкушӣ задани ин духтари 16-сола ҳанӯз маълум нест. "Як духтари фаъол ва аълохон буд. То ҳол наметавонем, дарк кунем, ки чаро ӯ худкушӣ кард. Вақте ба хонаашон занг задем, модараш гуфт, ки бемор шудааст. Вале шаби панҷшанбе хабар ёфтем, ки худкушӣ кардааст", - изҳор дошт як масъули мактаби рақами 69.

Як хонандаи мактаби рақами 69 гуфт, Н.О.-ро ҳечгоҳ ғамгин надида буданд. "Ӯ ҳамеша аз зиндагӣ розӣ ва шод буд. Хабари худкушии ӯ моро ҳайратзада кард", - афзуд ҳамсуҳбати мо.

Масъулони пулиси Яшнобод нахостанд, дар ин бора суҳбат кунанд. Яке аз ҳамсояҳои Н.О. гуфт, хонандаи мазкур яке аз чаҳор духтари хонавода замони худкушӣ дар хона танҳо буд.

"Пеш аз худкушӣ номае навиштааст. Сипас ба модараш занг зада гуфта, ки модарҷон акнун бояд хайрухуш кунем. Зан баъд аз суҳбат бо духтараш зуд ба хона меравад, вале Н.О. аллакай худро овехтааст", - афзуд ӯ.

XS
SM
MD
LG