Ссылки доступа

Дар гашти ҳарбии Қазоқистон 3 ҳазор низомӣ иштирок карданд


Дар Қазоқистон бахшида ба Рӯзи ҳомиёни Ватан, ки ҳамасола 7 май дар ин кишвар таҷлил мешавад, гашти ҳарбӣ баргузор шуд.

Дар он се ҳазор низомӣ, бо ҳудуди 40 дастгоҳи парвозкунанда ва 300 навъи техникаҳои ҳарбӣ иштирок карданд. Гашти ҳарбиро президент ва сарфармондеҳи олии Қазоқистон Нурсултон Назарбоев раҳбарӣ мекард.

Ин парад дар размоишгоҳи низомии "Отар"-и вилояти Ҷамбули Қазоқистон баргузор шуда, ба ҷуз Назарбоев, дар он раҳбарони тамоми вилоятҳои ин кишвар иштирок доштанд.

Дар Қазоқистон 7 май аз соли 2012 ба ин сӯ бо қарори президент ҷашни давлатӣ ва истироҳат эълон шудааст.

XS
SM
MD
LG