Ссылки доступа

Омӯзгори қирғизро барои як шарҳ дар Фейсбук зиндонӣ карданианд (видео)


Киргизскому преподавателю грозит 7 лет колонии за комментарий в фейсбуке о советской архитектуре
пожалуйста, подождите

No media source currently available

0:00 0:02:04 0:00

Дар шаҳри Бишкеки Қирғизистон як омӯзгорро барои навиштани шарҳе дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук то 7 сол зиндонӣ карданианд. Кумитаи амнияти миллии Қирғизистон мегӯяд, шарҳи Темурбек Болотбек барангезандаи адовати қавмӣ аст.

Омӯзгор нахуст ба бозпурсӣ даъват ва сипас зиддаш айб эълом шудааст. Ҳуқуқшиносн мегӯянд, ба Болотбек ҳукми зиндон таҳдид мекунад.

"Як хокандози бадбӯ, ақибмонда ва ғамангез аст. Меъморӣ? Ҳар касе бинои маъмулию ғамангезро меъморӣ меномад, пас ӯ аз меъморӣ бӯе набурдааст", - навиштааст доктори илмҳои техникӣ дар шарҳи аксҳои Бишкеки шӯравӣ.

Ба гуфтаи Болотбек, ин айбнома асос надорад. "Зеро дар суханони ман дар бораи нажод, миллат ва дин чизе гуфта нашудааст ва даъват ҳам сурат нагирифтааст. Аммо аниқ медонам, ки маҳкум ба зиндон хоҳам шуд", - изҳор дошт омӯзгори қирғиз.

Банде, ки ҳоло тибқи он зидди Болотбек парванда боз шудааст, пештар ҷазои шартиро пешбинӣ мекард. Вале баъдан он тағйир дода шуд, ки ҳато барои писандидан дар Фейсбук ҳам ҳукми зиндонро пешбинӣ мекунад.

Соли гузашта як сокини вилояти Иссиқкӯли Қирғизистон барои як шарҳ дар Фейсбук 4 сол зиндонӣ шуда буд. Қарор аст, мурофиаи навбатии Темурбек Болотбек 8 май баргузор шавад.

XS
SM
MD
LG