Ссылки доступа

Рӯзноманигори ӯзбек Бобомурод Абдуллоев дар толори додгоҳ озод шуд (видео)


Дар додгоҳи шаҳрии Тошканди Ӯзбекистон баҳси додгоҳии рӯзноманигор Бобомурод Абдуллоев ва се шаҳрванди дигар ба поён расид, ки дар фаъолиятҳои зиддиконститутсионӣ айбдор мешуданд.

Додгоҳ рӯзноманигори ӯзбекро ба ним соли меҳнати маҷбурӣ ва ситонидани 20 дарсади маоши моҳона вазифадор ва аз толори додгоҳ озод кард.

Блогнавис Ҳаётхон Насриддинов, инчунин соҳибкорони маҳаллӣ Шавкат Оллоёров ва Равшан Салоев, ки ҳамроҳ бо Бобомуродов дар додгоҳ муҳокима мешуданд, аз толори додгоҳ озод шуданд.

Дар ҷаласаи рӯзи 2 апрел дар додгоҳи шаҳрии Тошканд айбдоркунандаи давлатӣ барои Бобомуродов панҷ соли зиндон талаб карда буд.

Ин рӯзноманигори ӯзбек ҳамроҳ бо се айбдоршавандаи дигар тирамоҳи соли 2017 боздошт шуданд. Абдуллоевро дар нашри матлабҳои интиқодӣ дар Интернет айбдор карданд. Мақомоти давлатӣ гуфтанд, навиштаҳои Абдуллоев зидди сохти конститутсионӣ равона шуда буданд.

XS
SM
MD
LG