Ссылки доступа

Назарбоев аз таъсиси артиши зидди хатарҳои киберӣ хабар дод


Бо ҳадафи эмин мондан аз таҳдидҳои нав - аз ҷумла низомиву геополитикӣ - дар Қазоқистон артиши махсусе таъсис шуд, ки зидди хатарҳои киберӣ мубориза мебарад. Дар ин бора президенти Қазоқистон Нурсултон Назарбоев хабар дод.

"Бо ҳадафи муборизаи самаранок зидди хатарҳои нав нерӯи махсус таъсис дода шуд. Нерӯи нав зидди хатарҳои киберӣ мубориза мебарад", - гуфт Назарбоев дар гузашти низомии рӯзи 7 май.

Гузашти низомӣ дар размоишгоҳи "Отар" дар вилояти Ҷамбил барпо шуд. Дар ин парад 3 ҳазор низомӣ ширкат карда, наздики 40 дастгоҳи парвозкунанда ва 300 техникаи дигари низомӣ истифода шуд.

XS
SM
MD
LG