Ссылки доступа

Галаи аспҳои сокинони Қирғизистонро аз Қазоқистон пайдо карданд


115 асперо, ки ду ҳафта пеш дар ноҳияи Манаси вилояти Таласи Қирғизистон гум шуд, аз Қазоқистон пайдо карданд.

Мақомоти Қирғизистон мегӯянд, галаи аспҳоро дар деҳаи Гродикови вилояти Ҷамбули Қазоқистон пайдо карданд. Баъди музокира, ҷониби Қазоқистон 107 аспро баргардонидааст. 8 аспи дигар ҳалок шудааст.

Дар бораи гум шудани галаи аспҳо 17 апрел хабар расид. Ин аспҳо дар чарогоҳи "Иван-Корвон"-и марзи ду кишвар нигаҳдорӣ мешуданд. Галаи аспҳои мазкур ба 7 сокини деҳаи Кок-Добо ва 9 сокини деҳаи Таласи Қирғизистон тааллуқ дорад.

XS
SM
MD
LG