Ссылки доступа

Озмоиши ҳавопаймои бидуни сарнишини хаткашон дар Қазоқистон (видео)


В Казахстане испытали почтовый дрон. Вот что с ним случилось
пожалуйста, подождите

No media source currently available

0:00 0:02:34 0:00

Дар вилояти Алматои Қазоқистон дрон ё ҳавопаймои бидуни сарнишини почтаро озмоиш карданд. Парвози нахустини дастгоҳ ҳарчанд ноком буд, вале бори дувум он парвоз кард. Дар ин озмоиш муовини сарвазири Қазоқистон Аскар Жумагалиев ва раҳбарияти "Қазпочта" низ ҳузур доштанд.

Раҳбарияти "Қазпочта" мегӯяд, коркарди барномаи истифодаи дронҳои почтаро барои интиқоли ахбору мукотибаҳо ба чаҳор вилояти Қазоқистон идома хоҳанд дод. Ҳавопаймоҳои бидуни сарнишини почта дар Қазоқистон аллакай 8 моҳ мешуд, парвозҳои санҷишӣ анҷом медоданд, вале ин бор навъи наве муаррифӣ шуд, ки то 80 километр парвоз карда, ду баробар бештар, то 4 кило борро интиқол медиҳад.

Раиси "Қазпочта" Серик Сарсенов гуфт, дастгоҳи нав имкон медиҳад, ки нашрия ва маҷаллаҳои коғазӣ дар рӯзи нашрашон ба обуначиён бирасанд. Он аз нашриёт маҷаллаву нашрияҳоро гирифта, ба таври худкор ба маконҳои лозимӣ хоҳад партофт. "Ҳамчунин технологияи сабзро рушд хоҳем дод. Дронҳо пурра барқиянд", - афзуд Сарсенов.

Дронҳоро барои "Қазпочта" ширкати қазоқии Adrome Automation месозад. Мудири ширкат Алексей Ким гуфт, қисмҳои эҳтиётии дронҳоро аз хориҷ оварда, дар Қазоқистон ҷо ба ҷо ва васл мекунанд. Арзиши ин гуна дастгоҳ аз 5 ҳазор доллар сар мешавад.

"Почтаи Русия" низ ибтидои моҳи апрел ҳамопаймои бидуни сарнишинеро барои интиқоли номаҳо озмуд. Озмоиш дар Бурятия, ки масоҳати бештару аҳолии камтар дорад, сурат гирифт. Дрони "Рудрон/Экспедитор 3М" бояд бори дукилоиро то 70 километр интиқол медод. Вале баъд аз парвоз ба биное бархурда, суқут кард.

XS
SM
MD
LG