Ссылки доступа

Путин бори чорум ҳамчун президенти Русия корро оғоз кард (видео)


Четвертая инаугурация Путина: как это было
пожалуйста, подождите

No media source currently available

0:00 0:01:50 0:00

Владимир Путин, ки бори чаҳорум президенти Русия интихоб гашт, савганд ёд карда, расман корро шуруъ кард. Маросими савгандёдкунии Путин дирӯз, 7 май дар Қасри бузурги Кремл баргузор шуд.

"Русия бояд замонавӣ ва ҳамеша дар ҳаракат бошад. Бояд ба ҳамаи таҳдиду хатарҳои замон ва посухи ҷиддӣ додан ба онҳо омода бошад, то тавонад раҳбарии худро дар бахшҳое, ки ба таври анъанавӣ нирӯмандем, густариш диҳад", - гуфт Путин ҳангоми савгандёдкуниаш.

"Сахт бовар дорам, ки ин гуна ҷаҳиш танҳо ҷомеаи озодеро таъмин хоҳад кард, ки тамоми навгонӣ ва пешоҳангиро пазируфта, аз таассубгароӣ, ноадолатӣ, беҳаракатии бюрократӣ ва ҳамаи чизҳое, ки боиси ақибмондагии мардум мешаванд, дур хоҳад сохт", - изҳор дошт ӯ.

Дар маросими мазкур панҷ ҳазор одам, аз ҷумла намояндагони мақомоти иҷроия, қонунгузорӣ, додгоҳӣ ва дипломатҳои хориҷӣ ҳузур доштанд. Ҳамчунин бори нахуст дар он ихтиёриёне иштирок карданд, ки дар ситоди интихоботии Путин фаъолият доштанд.

Пахши мустақими Настоящее Время аз маросим.

5 май дар бештари шаҳрҳои Русия зидди давраи чаҳоруми президентии Владимир Путин ҳамоиши эътирозии "Вай шоҳи мо нест" баргузор шуд. Ба иттилои "ОВД-Инфо",дар 27 шаҳри Русия 1597 нафар дастгир шуданд. Як қисми онҳоро баъдан озод карданд. Бархеи дигар боздошт шуда, ҳукми додгоҳро мунтазиранд.

XS
SM
MD
LG