Ссылки доступа

Дар Вахш ду кӯдак зери ҷӯйбори бетонӣ ҷон бохтанд (видео)


Дар ноҳияи Вахши вилояти Хатлон ду наврас зери ҷуйҳои бетонӣ ё "лоток" монда ва ҷон бохтанд. Мақомот рӯзи 7-уми май гуфтанд, ки ҳодиса шаби гузашта рух додааст ва ин ду наврас сокинони деҳаи Бӯстони ҷамоати "20-солагии Истиқлол" буданд.

Ба гуфтаи мақомот, Рустам Давлатови 12-сола ва Маҳмадалӣ Саидбекови 15-сола сокинони деҳаи Бӯстон ҳини нигоҳубини чорво аз борону боди сахт паноҳгоҳ ҷуста, зери ҷӯйҳои бетонӣ пинҳон шуданд.

Дар ин ҳодиса як кӯдаки дигар ҷароҳат бардоштааст ва ҳоло дар шифохона қарор доштааст. Табибон гуфтанд, ки вазъи кӯдак вазнин аст.

Сел дар ин деҳа ҳамчунин ба чандин хона ва моликияти мардум осеб расондааст. Дар видеое, ки рӯзи 7-уми май аз ин деҳа фиристоданд, дида мешавад, ки сел мошинеро зери обу гил кардааст ва оби ғализи гилолуд аз дохили кӯчаи васеъ мегузарад.

Селевой поток обрушился на село Бустон Вахшского района
пожалуйста, подождите

No media source currently available

0:00 0:00:50 0:00

Давоми даҳ рӯзи ахир ин дувуми ҳодисае аст, ки ба ҳалокати наврасон меанҷомад. Рӯзи 28-уми апрел Саида ва Шукрона -- ду духтар ҳангоми бозӣ дар лаби соҳили дарёи Сурхоб ғарқ шуданд. Ҷасадҳои Шукрона ва Саида субҳи 29 уми апрел, пас аз як рӯзи ба дарё афтидан, аз деҳаи Навободи Рашт пайдо ва берун оварда шудаанд.

XS
SM
MD
LG