Ссылки доступа

Дар Ӯзбекистон корманди ихроҷшуда бо корд ба раҳбараш ҳамла кард


Дар ноҳияи Яккаободи Ӯзбекистон корманди Бюрои иҷрои ҳатмӣ (БИҲ) Шавкат Ибратов, ки як моҳ пеш аз кор ихроҷ шуда буд, рӯзи 3 май бо корд ба раҳбари пешинаш Баҳром Ҷӯраев ҳамла кардааст.

Ибратов барканории худро ғайриқонунӣ номида, раҳбари БИҲ-ро чор бор бо корд задааст. Баҳром Ҷӯраев дар ҳоли ҳозир, дар беморхона бистарӣ буда, вазъаш "муътадил" арзёбӣ мешавад.

Яке аз кормандони БИҲ бо тасдиқи ин хабар гуфт, Шавкат Ибратов як моҳ пеш барканор шуда буд.

"Он рӯз Ибратов дар ҳолати мастӣ ба бюро омад. Ҳама ӯро мешинохтанд ва бинобар ин, касе монеи вурудаш ба бино нашуд. Вай рост ба утоқи кории раис даромада, бо корд ба ӯ ҳамла кард. Мо баъд аз шунидани доду фарёд аз ҳодиса огаҳ шуда, ёрии таъҷилиро даъват кардем. Ибратов як моҳ пеш натавонист аз имтиҳон гузарад ва намедонем миёни ӯву раиси бюро чи гузаштааст", - афзуд ҳамсуҳбати мо.

Як табиби бемористони ноҳияи Яккаобод, ки нахост номаш ифшо шавад, гуфт, вазъи саломатии Баҳром Ҷӯраев "муътадил" аст.

Дар пулиси Яккаобод гуфтанд, аз кордкашӣ дар БИҲ хабар надоранд. Вале ба гуфтаи як корманди бюро, Ибратовро кормандони пулис рӯзи 4 май бо завлона барои гирифтани баёнот ба маҳалли кори пешинаш бурданд.

XS
SM
MD
LG