Ссылки доступа

Сешнс: ИМА дар мубориза бо муҳоҷирати ғайриқонунӣ оилаҳоро азҳам мепошад


Додситонии кул ва Вазорати амнияти дохилии ИМА аз тариқи додгоҳ тамоми шахсонеро ба ҷавобгарӣ хоҳанд кашид, ки талоши ғайриқонунӣ гузаштан аз марзи ин кишварро мекунанд. Агар лозим шавад, модарро аз фарзандони хурдсолаш ҷудо хоҳанд кард.

Ин сиёсати "таҳаммулпазирии ба сифр баробар"-ро дар муносибат бо муҳоҷирони ғайриқонунӣ додситони кулли ИМА Ҷефф Сешнс рӯзи душанбе дар мулоқот бо кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Аризона ва Калифорния эълом кард.

"Мо марзшиканон ва созмондиҳандагони қочоқи инсонро ба ҷавобгарӣ хоҳем кашид. Агар касе талош кунад, ки кӯдакеро ғайриқонунӣ ба Амрико ворид созад, боздошт ва тифлаш бар пояи қонунгузории ИМА аз ӯ гирифта хоҳад шуд. Агар ин ба касе писанд нест, пас аз қочоқи кӯдакон ба кишвар дурӣ ҷӯяд", - изҳор дошт Сешнс.

Мақомоти ИМА дар гузашта бештари марзшиканонро дубора ба Мексика меронд. Дар доираи сиёсати "таҳаммулпазирии ба сифр баробар" парвандаи ин гуна шахсон ба додгоҳ ирсол карда мешавад ва ба онҳо то ним соли зиндон таҳдид мекунад. Кӯдаконро аз волидонашон ҷудо карда, ба парваришгоҳҳои махсус хоҳанд супорид.

Моҳи марти соли равон марзбонони ИМА 40 ҳазор нафарро бо ҷурми убури ғайриқонунии сарҳад боздошт карданд, ки бештари онҳо аз Амрикои Марказиянд. Ин рақам нисбат ба соли гузашта 200% бештар аст.

XS
SM
MD
LG