Ссылки доступа

Заҳролудшавии варзишгарони АМА ва Эрон дар осоишгоҳи Қирғизистон


Дар осоишгоҳи "Аврора"-и вилояти Иссиқкӯли Қирғизистон 13 нафар заҳролуд шуданд. Дар миёни онҳо 7 варзишгар аз Эрон ва Амороти Муттаҳидаи Араб (АМА) низ ҳастанд. Дар ин бора Вазорати тандурустии Қирғизистон иттилоъ медиҳад.

Ба огаҳии вазорат, 7 май, тақрибан соатҳои 15:30 дақиқа ба бемористони минтақавии Иссиқкӯл аз осоишгоҳ 7 нафарро интиқол доданд. Ним соат баъдтар 6 нафари дигар низ муроҷиат кардаанд.

Табибон мегӯянд, беморон аз ғизо заҳролуд гаштаанд. Натиҷаҳои ташхиси ғизо баъд аз 3-4 рӯз муайян хоҳанд шуд.

Яке аз заҳролудшуҳо нахостааст, ки ӯро бистарӣ кунанд. 12 нафари боқӣ қарор аст, имрӯз аз беморхона ҷавоб шаванд.

Дар миёни онҳо як варзишгари эронӣ ва 6 варзишгар аз АМА низ ҳастанд.

XS
SM
MD
LG