Ссылки доступа

Шаҳрдории Душанбе ба баргузории роҳпаймоии "Полки абадӣ" иҷозат надод


Дар пойтахти Тоҷикистон роҳпаймоии “Полки абадӣ” баргузор нахоҳад шуд. Шаҳрдории Душанбе бо сабабҳои амниятӣ ба баргузории ин маърака иҷозат надодааст.

Пештар масъулони Шӯрои ветеранҳои ҷангу меҳнат барои роҳпаймоии “Полки абадӣ” аз ҳукумати шаҳри Душанбе иҷозат хоста буданд ва Идораи "Россотрудничество" дар Тоҷикистон низ эълон кард, ки барои иштирокдорони “Полки абадӣ” омодааст, ба гунаи ройгон акси пайвандони ҷанговарашонро нашр кунад.

Як мақоми шаҳрдории Душанбе 8 май бо шарти ифшо нашудани номаш гуфт, бахшида ба Рӯзи Ғалаба дар пойтахт маъракаҳои зиёд доир мешавад, аммо дар миёни онҳо роҳпаймоии “Полки абадӣ” нест. Омили аслӣ дар масъалаи иҷозат наёфтани роҳпаймоии “Полки абадӣ”, ба гуфтаи ӯ, масъалаи таъмини амнияти иштирокдорони чорабинӣ аст.

Дар Шӯрои ветеранҳои ҷангу меҳнат 8 май гуфтанд, ки имсол роҳпаймоии "Полки абадӣ" баргузор нахоҳад шуд.

“Полки абадӣ” як раҳпаймоии ихтиёриест, ки соли 2011 бо ташаббуси гурӯҳи журналистони рус дар шаҳри Томск баргузор шуд. Ин чорабинӣ гашти сартосарии хешовандон – фарзанду набераҳо ва дигар наздикони ширкатдорони ҷанги солҳои 1941-1945-ро аз хиёбонҳои марказии шаҳр бо акси бузурги бобову бибии ширкатдори ҷангашон пешбинӣ мекунад.

Соли гузашта Тоҷикистон барои баргузор кардани "Полки абадӣ" дар шаҳри Душанбе иҷозат надода буд. Мақомот гуфтанд, бинобар вазъияти печидаи амниятӣ дар Афғонистон ва хатари амалҳои террористӣ, амнияти ширкатдорони "Покли абадӣ"-ро таъмин карда наметавонанд. Бар изофа мақомот гуфтанд, нашри сурати гузаштагон ва намоиш додани он дар роҳпаймоӣ хилофи арзишҳои дини Ислом аст, ки аксарияти аҳолии Тоҷикистон пайрави онанд.

XS
SM
MD
LG