Ссылки доступа

Сафари ҳаҷ ҳудуди 500 сомонӣ гаронтар шуд


Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои Тоҷикистон арзиши Ҳаҷҷи имсоларо 33 ҳазору 410 сомонӣ, муодили 3720 доллари амрикоӣ муайян кард. Ин назар ба як соли пеш тақрибан 50 доллар бештар аст.

Нархи соли гузаштаи сафари Ҳаҷҷ барои зоирони тоҷик тақрибан 33 ҳазор сомонӣ муқаррар шуда буд. Масъулони Кумитаи дини Тоҷикистон мегӯянд, ки арзиши хидматрасониҳои Ҳаҷ-2018 дар мувофиқа бо Хадамоти зиддиинҳисорӣ муайян шудааст.

Ба иттилои Кумитаи дини Тоҷикистон, ин маблағ барои хариди чиптаи ҳавопаймо, иқомат ва будубош дар Макка ва Мадина, хӯроки зоирон, ҳаққи роҳбаладон, пардохти маблағи қурбонӣ, роҳкирои зоирон дар дохили Арабистони Саудӣ ва хадамоти тиббӣ харҷ мешавад.

Кумитаи дини Тоҷикистон мегӯяд, ки таъмини зоирон бо бейҷикҳо, маълумотнома, китобчаҳо оид ба Ҳаҷҷ, ҳамчунин таъмини зоирон бо 5 литр оби Зам-зам ҳини бозгашт ба Тоҷикистон ва таъмини онҳо бо ҷузвдон низ шомили ин маблағ мебошад.

Дар Кумитаи дини Тоҷикистон гуфтанд, ки сафари имсолаи зоирони тоҷик ба Арабистони Саудӣ дар даҳаи ахири моҳи июл оғоз мешавад ва беш аз беш аз 6 ҳазор нафар ба зиёрати Хонаи Худо хоҳанд рафт.

Ҳар сол аз Тоҷикистон беш аз 6 ҳазор нафар ба зиёрат мераванд. Ҳаҷ барои ҳар мусалмон ҳадди ақал як бор дар зиндагиаш, дар сурати доштани қудрат ва тавоноӣ, фарз шудааст. Аммо тибқи қарори се сол пеши мақомоти тоҷик, танҳо нафарони аз 40-сола боло ҳаққи сафар ба Маккаву Мадина барои анҷоми фаризаи Ҳаҷро доранд.

XS
SM
MD
LG