Ссылки доступа

Манбаъ: додситони кулли пешини Ӯзбекистон зидди писараш баёнот медиҳад


Додситони кулли пешини Ӯзбекистон Рашид Қодиров, ки охирҳои моҳи феврали соли равон дастгир шуд, зидди писари худ Алишер Қодиров баёнот медиҳад. Дар ин бора як манбаи наздик ба тафтишот дар Додситонии кулли Ӯзбекистон иттилоъ дод.

Ба гуфтаи манбаъ, ки нахост номаш ифшо шавад, Қодирови калонӣ аз миёнаҳои моҳи апрел додани баёнотро зидди писараш оғоз кардааст.

Ҳамсуҳбати мо мегӯяд, Алишер Қодиров ҳанӯз ҳам таҳти пайгарди қонунӣ буда, таҳқиқи воқеият доштани баёнотдиҳии падараш дар ҳоли ҳозир, имкон надорад.

Ин дар ҳолест, ки як манбаъ дар Вазорати умури дохилии Ӯзбекистон гуфт, Рашид Қодиров аз бад шудани вазъи саломатияш шикоят кардааст. Ба гуфтаи ӯ, дар боздоштгоҳи муваққатии вазорат ба додситони кулли пешин "сахт фишор" меоранд.

Ба огаҳии додситонии кулли Ӯзбекистон, зидди Қодиров бар асоси се моддаи Кодекси ҷиноӣ – “тамаъҷӯӣ”, “суистифода аз мансаб” ва “порагирӣ” парванда боз шудааст.

Рашид Қодирови 66-сола, ки 15 сол раёсати Додситонии кулли Ӯзбекистонро бар уҳда дошт, моҳи апрели соли 2015 аз мансабаш барканор шуд. Ибтидои моҳи март Вазорати умури дохилии Ӯзбекистон писари 39-солаи ӯ Алишер Қодировро таҳти пайгарди қонунӣ қарор дод, ки ба "тамаъҷӯӣ" ва "қаллобӣ" айбдор мешавад.

Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев 17 март дар ҷараёни сафараш ба вилояти Самарқанд гуфт, Қодиров барои он ҳабс шуд, ки дар давраи сари мансаб буданаш аз зертобеони худ ҳар моҳ дар ҳаҷми махсусан калон ришва мегирифт.

XS
SM
MD
LG