Ссылки доступа

Туркманистон дар пасманзари болоравии нархҳо аз комёбиҳои иқтисодии худ хабар медиҳад


Ҳукумати Туркманистон аз комёбиҳои тоза дар иқтисоди худ дарак дод. Бар пояи ҳисоботи ҳукумати Туркманистон, ки дар ҷаласаи 4 май ироа гашт, афзоиши умумии маҷмӯи маҳсулоти дохилии ин кишвар аз аввали сол 6,2%-ро ташкил додааст.

Дар ҳисобот омадааст, ки ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот дар қиёс бо ҳамин давраи соли гузашта ҷамъан 4,2 дарсад афзудааст.

Ҳамчунин зикр шуда, ки дар чаҳор моҳи аввали имсол ҳаҷми муомилоти чаканаи молу маҳсулот 18,2 дарсад боло рафта, аммо нархи молҳои истеъмолӣ ва таърифаҳои хизматрасонӣ ба мардум аз ҳадди муқарраршуда убур накардааст. Ин дар ҳолест, ки ҳадди муқарраршудаи нархҳо оварда нашудааст.

Ҳисоботи навбатии ҳукумати Туркманистон дар бораи рушди иқтисоди ин кишвар дар ҳолест, ки сарчашмаҳои мустақили иттилоъ ва сокинони маҳаллӣ аз камбуди нону орд, навбатпоӣ ва маҳдудияти фурӯши маҳсулоти асосӣ, аз ҷумла ғизоӣ дар фурӯшгоҳҳои давлатӣ хабар медиҳанд. Дар баробари бекор кардани имтиёзҳо барои барқ, об ва газ, нархи хизматрасониҳои коммуналӣ низ боло мераванд.

Ҳамчунин ҳукумати Туркманистон дар ин ҳисоботаш аз сари вақт пардохт шудани музди меҳнат, нафақа, кӯмакпулиҳои давлатӣ ва идрорпулиҳо барои донишчӯйён хабар медиҳад. Ин дар ҳолест, ки аз аввали соли ҷорӣ манбаъҳои мустақил борҳо аз таъхир дар пардохти маоши кормандони як қатор муассисаҳои тандурустӣ, маориф ва бахши нафту газ дарак доданд.

Мақомоти Туркманистон мавҷуди камбуди маводи ғизоӣ дар кишвар ва ҳам буҳрони маблағгузории бахши давлатиро расман эътироф намекунанд.

XS
SM
MD
LG