Ссылки доступа

Дар Қазоқистон таъмиргарони қубурҳои нафткаш маоши баланд талаб доранд


Коргарони ширкати хидматрасон дар бахши нафт, ки дар кони Қаламқаси ширкати "Манғистаумунайгаз" ба таъмири қубурҳо сару кор мегиранд, зиёд кардани музди меҳнат ва беҳбуди шароити кориро талаб доранд. Эътирозгарон мегӯянд, ки то роҳбарияти ширкати "Қазпромлоҷистик" талаби онҳоро иҷро накунад, ба кор намебароянд.

Гурӯҳи коргарони корхонаи "Қазпромлоҷистик", ки паймонкори ширкати "Манғистаумунайгаз" буда, масъули таъмири қубурҳои нафткаш аст, аз соати ҳафти субҳи 7 май фаъолияти худро дар ин иншоот қатъ карда, боло бурдани маош ва беҳтар кардани шароити кориро талаб доранд.

Як коргари ширкат, ки худро Қайрат (аз зикри насабаш худдорӣ варзид) муаррифӣ намуд, гуфт, ки танҳо дар сурати иҷро шудани шартҳои пешниҳодшудаашон ба ҷойҳои кории худ дар кони Қаламқас бармегарданд.

"Мушкили мо зиёд аст. Аммо фақат бо боло бурдани музди меҳнат то 200 ҳазор танга (600 доллар) ва беҳбуди шароити меҳнат иктифо кардем. Мо ҳатто шартномаи меҳнатӣ надорем. Либоси махсус ҳам намедиҳанд. Об низ надорем, ки либосҳои кориямонро бишӯем", - мегӯяд ӯ.

Ба қавли эътирозгарон, онҳо дар як моҳ 15 рӯз дар "Қаламқасмунайгаз" кор мекунанд. Дар ду басти 15 рӯзӣ беш аз 200 нафар кор мекунанд. Аксарияти онҳо сокинони вилояти Манғистау ҳастанд. Якчанд нафари дигар аз вилояти Оқтеппа омадаанд. Ба гуфтаи коргарон, кор дар ширкати "Қазпромлоҷистик"-ро тавассути эълон дар Интернет пайдо карданд.

Коргарон мегӯянд, ки ҳоло дар даст 90-120 ҳазорӣ танга мегиранд, ки кофӣ нест. Бо ин маблағ, ба гуфтаи онҳо, оиларо хӯрондаву пӯшонда намешавад. Коргарони норозӣ мегӯянд, ки корфармо аз шарту талаби пешниҳодкардаи онҳо огаҳ аст. Онҳо ташрифи роҳбарияти худ ба ин конро мунтазиранд. Аммо бо роҳбарияти корхонаи "Қазпромлоҷистик" Гарифулло Таимов тамос гирифтан нашуд.

XS
SM
MD
LG