Ссылки доступа

Дар Бишкек 26 қиморхонаи ғайриқонуниро ошкор карданд


Кормандони пулис дар шаҳри Бишкек, пойтахти Қирғизистон фаъолияти ғайриқонунии 26 қиморхонаро ошкор карданд.

Ба огаҳии Вазорати умури дохилии Қирғизистон, ин қиморхонаҳо дар ноҳияҳои Ленин, Октябр ва Свердлови Бишкек фаъолият мекарданд. Аз ҳама бештар - 9 қиморхонаи ғайриқонунӣ дар ноҳияи Якуми майи пойтахти Қирғизистон ошкор карда шудааст.

Ҳамчунин дар шаҳри Ӯши Қирғизистон низ фаъолияти ғайриқонунии як қиморхонаи дигарро ошкор карданд.

Манбаъ мегӯяд, тамоми маводи ҷамъоваришуда дар ихтиёри Хадамоти давлатии мубориза бо ҷиноятҳои иқтисодии Қирғизистон гузошта шуд.

Ёдрас мешавем, аз 1 январи соли 2012 қиморбозӣ дар Қирғизистон манъ карда шудааст.

XS
SM
MD
LG