Ссылки доступа

Дар Қазоқистон таъмиргарони қубурҳои нафткаш дубора ба кор баромаданд


Дар Қазоқистон кормандони ширкати "Қазпромлогистик", ки ба нишони эътироз даст ба корпатоӣ зада буданд, дубора ба кор баромаданд. Дар ин бора 8 май кормандони ширкат хабар доданд.

"Ба мушкили мо расидагӣ шуд. Маошамонро 25% баланд мекунанд", - гуфт як корманди ширкат.

Коргарони "Қазпромлогистик", ки дар кони Каламкаси ширкати "Манғистаумунайгаз" ба таъмири қубурҳо сару кор доранд, 7 май бо нишони эътироз ба кор набаромаданд. Эътирозгарон талаб карданд, ки шароити кории онҳо беҳтар ва маошашон то ба 200 ҳазор танга (ҳудуди 600 доллар) боло бурда шавад.

Ба гуфтаи эътирозгарон, нимаи дувуми рӯзи 7 май ба кони Каламкас раҳбарияти ширкат, намояндагони додситонӣ ва мақомоти маҳаллӣ омада, ҳарфҳои онҳоро шунидаанд.

Кони Каламкас дар нимҷазираи Бузачӣ, дар шимолу шарқи баҳри Каспий ҷойгир буда, аз тарафи ширкати "Манғистаумунайгаз" коркард мешавад.

XS
SM
MD
LG