Ссылки доступа

Трамп бурунрафти ИМА-ро аз созишномаи ҳастаӣ бо Эрон эълом кард (видео)


Президенти ИМА Доналд Трамп дар як нишасти хабарӣ дар Кохи сафед эълом кард, ки Вашингтон аз созишномаи чандҷонибаи ҳастаӣ бо Эрон хориҷ хоҳад шуд.

"Ин созишнома танҳо ба Эрон имкон медод, ки барномаи ҳастаии худро тавсеа бахшад. Мо далелҳое дорем, ки исбот мекунанд, ваъдаҳои Эрон дурӯғ буданд. Он тасмими якҷонибае буд, ки сулҳ наовард ва ҳеч гоҳ низ намеовард. Агар ман иҷозат медодам, ки ин созишнома боқӣ бимонад, пас сабабгори ба миён омадани пойгаи силоҳи ҳастаӣ дар Ховари Миёна мешудам. Ман эълом мекунам, ки ИМА аз созиши ҳастаӣ хориҷ мешавад", - гуфт Трамп.

Ба гуфтаи президенти ИМА, мақомоти Эрон ба бозбинии шартҳои созишнома розӣ нашуданд. Вале агар таҷдиди назар кунанд, дарҳо барои муколама ва созиши нав бо шартҳои нав бозанд.

Трамп афзуд, ки фармони дубора ҷорӣ шудани таҳримҳо зидди Эронро фавран ба имзо хоҳад расонд ва таҳримҳо низ пурра ба иҷро хоҳанд даромад.

Ӯ Эронро сармоягузори терроризме номид, ки аз гуруҳҳои "Ҳизбуллоҳ", "Ҳамос", "Толибон" ва "Алқоида" пуштибонӣ мекунад. Трамп ҳамчунин гуфт, ИМА сокинони Эронро, ки аз тарафи "режими худкома"-е ғасб шудаанд, дастгирӣ хоҳад кард.

Мақомоти Эрон пеш аз нишасти хабарии Доналд Трамп гуфтанд, агар ИМА ҳуқуқи онҳоро нодида бигирад, посухи "қотеъ" хоҳанд дод. Сарвазири Исроил ​Бинёмин Натаняҳу гуфт, ки хадамоти махсуси кишвараш ҳаракати низомиёни Эронро ба Сурия мушоҳида кардааст.

Пештар ҷонибҳои аврупоии созишнома ва Русия созиши ҳастаиро роҳи ягонаи оқилонаи ҷилавгирии Эрон номида буданд.

Созишномаи чандҷонибаи ҳастаӣ соли 2015 миёни абарқудратҳои ҷаҳон ва Эрон имзо шуда, лағви таҳримҳои иқтисодии зидди Теҳронро бар ивази коҳиши барномаи ҳастаии он пешбинӣ мекунад.

XS
SM
MD
LG