Ссылки доступа

Занозании нозири роҳ бо ронандаи солхӯрда дар Самарқанд (видео)


В Самарканде инспектор БДД подрался с пожилым водителем
пожалуйста, подождите

No media source currently available

0:00 0:01:05 0:00
Загрузить файл

Дар наворе, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шуд, дида мешавад, нозири роҳ дар шаҳри Ургути вилояти Самарқанди Ӯзбекистон бо ронандаи солхӯрда занозанӣ мекунад.

Нозири роҳ дар ҳалқаи ҳамкоронаш мехоҳад, ронандаи солхӯрдаро ба замин занад, аммо ронанда тан намедиҳад.

Расонаҳо менависанд, ин ҳодиса рӯзи 5 май дар маркази шаҳри Ургут рух додааст.

"Ин ҳодиса соати 2 рӯз рух дод. Нозирони роҳ мошини навъи "Нива"-ро манъ карданд. Яке аз нозирон талош кард, ронандаро ба замин хобонад, вале марди солхӯрда тан надод. Ҳайратовар он буд, ки нозирони дигар ин саҳнаро тамошо карданд, аммо дахолат накарданд", - гуфт як шоҳиди ҳодиса.

Нозирони роҳ мегӯянд, ронандаи "Нива" ба амри онҳо итоат накард ва ин занозанӣ баъди он сар зад.

XS
SM
MD
LG