Ссылки доступа

Дар Туркманистон қимати орд дубора боло рафт


Дар ҳоли ҳозир дар фурӯшгоҳҳои Туркманистон як кило орди истеҳсоли Қазоқистон дар ивази тақрибан 2 доллар фурӯхта мешавад.

Ба гуфтаи шоҳидон, арзиши орд дар як ҳафтаи охир боло рафт. "10 рӯз пеш орди истеҳсоли Қазоқистон нисбатан арзонтар буд. Ҳоло ҳамон орд гарон ва ба наздики 2 доллар расид", - мегӯяд Амонмурод Бугаев, як сокини Ишқобод.

Дар Туркманистон дар бозорҳо ду нарх вуҷуд дорад. Нархе, ки расман навишта шудааст ба нархи аслии маҳсулот мувофиқат намекунад. Дар Туркманистон ҳукумат нархи маҳсулотро муайян ва кормандони милиса ҳамроҳ бо намояндагони мақомоти андоз иҷрошавии онро назорат мекунанд.

"Дар ҳоли ҳозир тамоми таваҷҷуҳи кормандони милиса ва мақомоти андоз барои назорати нархи орди қазоқӣ равона шудааст. Онҳо бозорҳоро мегарданд ва тартиби фурӯши ордро назорат мекунанд", - гуфт Амонмурод Бугаев.

Как возник дефицит муки в Туркменистане и почему люди давятся в очередях за отрубями
пожалуйста, подождите

No media source currently available

0:00 0:02:31 0:00

XS
SM
MD
LG