Ссылки доступа

Хадамот: "Каромат Шарипов аз соли 1974 дар қайди Файзобод аст"


Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт даъвои Каромат Шарипов – раиси Ҷунбиши муҳоҷирони кории тоҷик – алайҳи се идораи давлатии Тоҷикистон, аз ҷумла Вазорати корҳои дохилиро баррасӣ кард.

Мурофиаи нахустин рӯзи 8-уми май таҳти раёсати додрас Сафар Нурализода ва бо ҳузури намояндагони Вазорати умури дохилӣ, Вазорати корҳои хориҷӣ ва Хадамоти шиносномадиҳӣ сурат гирифт.

Каромат Шарипов ин се идораи давлатии Тоҷикистонро барои пешниҳоди маълумоти гӯиё ғалат дар бораи шаҳрвандии ӯ ба мақомоти Русия муттаҳам намудааст. Ба қавли ӯ, ҷониби Душанбе соли гузашта ба мақомоти Русия гуфтаанд, ки "ӯ шаҳрванди Тоҷикистон аст". Дар ҳоле ки худи Каромат Шарипов иддао дорад, пас аз пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ ва истиқлоли кишвар ҳеч вақт шаҳрвандӣ ва шиносномаи Тоҷикистонро нагирифта буд.

Каромат Шарипов иддао дорад, ки бо қарори махсуси ҳукумат онҳое, ки беш аз даҳ сол дар Тоҷикистон набуданду худро дар сафорату консулгариҳо сабт накардаанд, аз ҳаққи шаҳрвандӣ маҳрум хоҳанд шуд. Вай ҳамзамон аз Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хостааст, сабаби пешниҳоди маълумотномаи бозгашти ӯ аз Русия ва имзои консули вақти Тоҷикистон дар Маскав Ашраф Гуловро дар санаде шарҳ диҳанд. Ба гуфтаи Шарипов, Ашраф Гулов дар ҳоле ба ҳуҷҷати пешниҳодшуда имзо кардааст, ки аллакай аз вазифа рафта буд.

Ғайратҷон Шарипов, намояндаи Хадамоти шиносномадиҳӣ ва бақайдгирии Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, дар посу гуфт, то замоне ки шахс расман муроҷиат накунад, ҳаққи шаҳрвандиаш ҳифз хоҳад шуд. Коре ки бо Каромат Шарипов иттифоқ афтодааст.

Ғайратҷон Шарипов гуфт, бино ба санадҳое, ки аз зодгоҳи Каромат Шарипов ба даст оварданд, ӯ аз соли 1974 боз дар қайди ноҳияи Файзобод буда, барои қабули шаҳрвандии Русия худро аз қайди Тоҷикистон берун накардааст.

Раиси Ҷунбиши муҳоҷирони кории тоҷик дар Русия рӯзи 13-уми декабри соли гузашта аз Маскав ба Тоҷикистон ихроҷ шуд. Дар шарҳи расмии қарори додгоҳи Маскав гуфта шудааст, ки сабаби ихроҷи Шарипов “аз роҳи тақаллуб ба даст овардани шиносномаи Русия” аст. Русия баъди ин шаҳрвандии Каромат Шариповро бекор кард ва ҳоло ӯ, ба гуфтаи худаш, як шахси бидуни санади шаҳрвандӣ аст. Шарипов ихроҷаш аз Русияро кори як гуруҳи манфиатдор донистааст, ки ба ҳимояти ӯ аз ҳуқуқи муҳоҷирон рабт дорад.

XS
SM
MD
LG