Ссылки доступа

"Саҳнаҳои ҷанг дар хоб маро азоб медиҳанд" (гулчин)


Ба расонаҳои минтақа ҳақ дода мешавад, ки аз ин матлабҳо ба сурати комил ва ё ҷузъӣ истифода кунанд. Бо дархости муштариён метавонем ба онҳо шакли аслии наворҳои видеоиро фиристем. Онҳо, инчунин, метавонанд матлаби дилхоҳи худро аз махзани Директ истифода кунанд.

- Ахбори Озодӣ аз 8-уми майи 2018 (HD)

- "Саҳнаҳои ҷанг дар хоб маро азоб медиҳанд". Аз хатми Ҷанги дувуми ҷаҳон, ки дар ҷараёни он 300 ҳазор тоҷикистонӣ ҳам иштирок кардааст, 73 сол гузашт (видео)

- Сайрам худ ва ду кӯдакашро кушт. Сайрам Холова, як сокини деҳаи Сунбулаи ноҳияи Ҳисор, худ ва ду кӯдакашро ба дарёи Кофарниҳон партофта, худкушӣ кардааст. Хонаводааш мегӯянд, ки ҳодиса субҳи 7-уми май рух дода, то ба ҳол ҷустуҷӯи ҷасадҳо идома дорад (видео)

- "Дар инҷо "командир" хусуру хушдоман". Сокинони Душанбе дар бораи тасмими фарзанд доштан (видео)

- Чӣ гуна бар Ҳитлер пирӯз шуданд? Бархе аз сокинони Душанбе гуфтанд, ки чӣ гуна Шӯравии собиқ дар соли 1945 бар Ҳитлер пирӯз омад. (видео)

- Ягона боғи ҳайвонот дар Суғд. Имрӯзҳо ба чорбоғи шаҳраки Ғафуров падару модарон ҳамроҳи фарзандон худ ба тамошои боғи ҷонварон меоянд, ки дар як гӯшаи ин ҷо боз гардид. Ин ягона боғи ҷонварон дар ҳудуди вилояти Суғд аст ва имкони тамошои ҳайвоноти ваҳширо дар шимоли кишвар соҳибкори маҳаллӣ Мадина Давлатова фароҳам кардааст. (видео)

- Вокуниши Рӯҳонӣ ба ихроҷи Амрико аз созиши атомӣ. Ҳасан Рӯҳонӣ, раиси ҷумҳури Эрон, дар вокуниш ба ихроҷи Амрико аз созиши атомӣ бо кишвараш гуфт, “Амрико ҳеҷ вақт ба ваъдаҳояш пойбанд набудааст”. Вай рӯзи 8-уми май гуфт, ба Созмони энержии атомӣ дастур додааст, то омодагии заруриро барои иқдомоти баъдӣ дошта бошад. (видео)

- Доналд Трамп Амрикоро аз созиши атомӣ бо Эрон хориҷ кард. Пас аз моҳҳо интизор ва гумонзаниҳо дар бораи сарнавишти тавофуқи атомӣ бо Эрон, Доналд Трамп - раиси ҷумҳури Амрико - гуфт, кишвараш аз ин созиши, ба қавли ӯ, "бад" ва "яктарафа" берун шуд. Вай дар ин бора рӯзи 8-уми май дар Вашингтон эълон дод. (видео)

- Каромат Шарипов: Намояндаҳои ВКД аз қонун дуранд. Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт даъвои Каромат Шарипов – раиси Ҷунбиши муҳоҷирони кории тоҷик – алайҳи се идораи давлатии Тоҷикистон, аз ҷумла Вазорати корҳои дохилиро баррасӣ кард (видео)

- Осиё: Дар Қазоқистон ба ҷои лентаҳои георгий лентаҳои кабуд тақсим мекунанд. Мақомоти Русия қоидаҳои будубоши хориҷиҳоро дар шаҳрҳое, ки бозиҳои чемпионати ҷаҳонии футбол баргузор мешаванд, сахттар мекунанд. Дар Қазоқистон ҷойи лентаҳои русии георгийро рамзи нави идонаи дигар гирифт. Дар Тоҷикистон нархи хариди маҳсулотро ба кишоварзон ба воситаи Интернет мефиристанд. (видео)

- Қирғизистони солҳои ҷанг ба ривояти тасвир. (нигористон)

- Муҳосирашудаи 100-сола аз Саран. (видео)

- Дар Тоҷикистон нархи хариди маҳсулотро ба кишоварзон ба воситаи Интернет мефиристанд. (видеои Настоящее время)

- Ифтитоҳи ҷашнвораи синамои Каннский дар Фаронса. (видео аз Директ)

- Суханронии комили президенти ИМА дар робита ба созишномаи ҳастаӣ бо Эрон (видео)​

- Созишномаи ҳастаӣ бо Эрон - нуқтаҳои асосӣ (видеои Настоящее время)​

- Немисҳои Қирғизистон, кистанд онҳо? (видео аз Директ)

- Дар Арманистон пирӯзии Пашинянро таҷлил мекунанд (видео)

- Дар Қазоқистон ба ҷои лентаҳои георгий лентаҳои кабуд тақсим мекунанд. Фаъолон 5 сол пеш пешниҳод карда буданд, ки лентаҳои георгий ба лентаҳои кабуди осмонӣ иваз карда шаванд. (видеои Настоящее время)​

- Тозатарин дарёи Ёқутистон ба ботлоқи мазут табдил шуд (видео)

КОРМАНДОНИ МУҲТАРАМИ РАСОНАҲО! БО ҲАЗОРОН НАВОРИ САДОВУ ВИДЕО, АЗ ҶУМЛА, ШАКЛИ АСЛИИ САДОВУ ВИДЕОҲО БО ЗАБОНИ ТОҶИКӢ, КИ БАРОИ ЗАХИРА КАРДАНИ КОРШАРИКОН ДАСТРАС ҲАСТАНД, ОШНО ШАВЕД!

XS
SM
MD
LG