Ссылки доступа

ВУХ: тасмими ИМА дар бораи Эрон Русияро "сахт ноумед" кард


Вазорати умури хориҷии Русия бо нашри як изҳорот гуфт, тасмими президенти ИМА Доналд Трамп барои бурунрафти Вашингтон аз созишномаи чандҷонибаи ҳастаӣ бо Эрон Москваро "сахт ноумед" кард.

Дар изҳороти Вазорати умури хориҷии Русия созишномаи мазкур "қарордоди чандҷонибаи муҳиме шумурда шуда, ки бо қатъномаи Шӯрои амнияти СММ ба тасвиб расидааст".

"Тасмими 8 май бори дигар собит сохт, ки Вашингтон созишкор нест", - омадааст дар изҳорот.

Президенти ИМА Доналд Трамп ахиран эълом кард, Вашингтон аз созишномаи ҳастаӣ бо Эрон, ки соли 2015 миёни Теҳрон ва шаш абарқудрати ҷаҳонӣ ба имзо расидааст, хориҷ мешавад.

Ин созишномаи чандҷониба лағви таҳримҳои иқтисодии зидди Теҳронро дар ивази коҳиши барномаи ҳастаии Эрон пешбинӣ мекунад.

XS
SM
MD
LG