Ссылки доступа

Мошинҳои туҳфашудаи бархе аз ғолибони Бозиҳои Ишқобод-2017-ро пас гирифтанд


Туҳфаҳои президентии бархе аз ғолибони Бозиҳои панҷуми осиёиро, ки моҳи сентябри соли 2017 дар шаҳри Ишқободи Туркманистон баргузор шуд, пас гирифтанд.

Ҳукумати Туркманистон соли гузашта миллиардҳо долларро сарфи Бозиҳои осиёӣ карда буд. Расонаҳои маҳаллӣ соли гузашта навишта буданд, ки ба бархе аз варзишкорони туркман аз номи президент туҳфаҳои гаронбаҳо, аз ҷумла мошинҳои навъи «Toyota Camry GL Executive» тақдим карданд.

Гуфта мешавад, ин мошинҳоро дубора аз варзишкорон гирифтаанд.

"Баъди тақдими мошинҳо аз варзишкорон хоҳиш карда буданд, ки мошинҳоро як муддат истифода набаранд. Бо гузашти чанде баъд аз Бозиҳои осиёӣ намояндагони мақомот мошинҳоро аз варзишкорон пас гирифтанд", - хабар медиҳад рӯзноманигори бахши туркмании Радиои Озодӣ аз Туркманистон.

XS
SM
MD
LG